Илм ва технологияи муосир

Бинанда: 1380 | Санаи нашр: 23 Октябр 2020

23-юми октябри соли 2020 дар толори диссертатсионии донишгоҳ бо кӯшиши аъзои кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт ва Маркази тестӣ семинари илмӣ ба муносибати “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф” дар мавзӯи “Таҳлили ҳолати рушди бозори маҳсулоти барномавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он директори генералии ширкати “IT Colibri” Ҷаҳонгир Ҷалолов, муассиси ширкат Фаридун Замонов ва омӯзгорону донишҷӯёни курсҳои болоӣ иштирок намуданд.

Ҳамоишро профессор Раҷаб Раҷабов оғоз намуда, баргузор намудани чунин семинари илмиро зурур ва муҳим хонд.

Дар идомаи семинар Маҳмадрасул Қурбонов, мудири кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт доир ба “Арзиши ҳосили меҳнати барномасоз ва талаботи он дар бозори иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуданд.

Сипас меҳмонон Фаридун Замонов ва Ҷаҳонгир Ҷалолов дар мавзӯи “Талабот ба мутахассисони соҳаи технологияи иттилоотӣ дар бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ибрози андеша намуда, доир ба зарурати истифодаи забонҳои барномасозӣ, таҳияи барномаҳо, ва тарзу усулҳои муосири таҳияи сомонаҳои тиҷоратӣ маълумот доданд.

Дар поёни ҳамоиш нотиқон ба суолҳои аҳли нишаст посух гуфтанд.

Кафедра системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт ва маркази тестӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top