Маҳфили илмӣ

Бинанда: 1220 | Санаи нашр: 22 Октябр 2020

Рӯзи 22-юми октябри соли ҷорӣ бо ибтикори мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ, доктори илми иқтисодӣ, профессор Нозимҷон Нидоев маҳфили илмӣ дар доираи фанни иқтисодиёти фаъолияти гумрукӣ гузаронида шуд, ки дар он сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ, профессор Раҷабов Р. К. иштирок ва суханронӣ намуд.

Сипас донишҷӯёни курси 4 - уми ихтисоси 960101р   Ш. Ҳоҷиев дар мавзӯи «Технические средства в таможенном контроле» (роҳбари илмӣ, номзади илми иқтисодӣ, и.в. дотсент Н. Р. Раҷабова) ва А. Хокиров дар мавзӯи “Тартиби ба амал баровардани барасмиятдарории гумрукии консулҳо, дипломатҳо ва намояндаҳои хориҷӣ” (роҳбар муаллими калон Р. Ғаюрова) маърӯзаи пурмазмун намуда, дар хусуси истифодаи самараноки воситаҳои техникӣ дар назорати гумрукӣ ва тарзи барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои ҳайати дипломатӣ андешаҳои хешро баён карданд.

Дар ҷамъбасти маҳфил роҷеъ ба масъалаҳои баррасигардида баҳсу  мунозира сурат гирифт.

Факултети тиҷорат ва гумрук

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top