Ризокорон - неруи созанда

Бинанда: 1305 | Санаи нашр: 28 Сентябр 2020

Дар таърихи 28-уми сентябри соли 2020 дар маҷлисгоҳи асосии донишгоҳ семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Омода намудани ризокорон ҳамчун қувваи ёрирасон дар рӯзи интихоботи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки 11.10.2020 доир карда мешавад, бо иштироки  Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  Абдуҷаббор Қодирзода, муовини раиси Комиссияи интихобот ва раъйпурсии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Толибов Қ.Қ., дотсент, муовини ректор оид ба таълим ва тарбия семинари омӯзиширо бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ба меҳмонон хайрамақдам гуфтанд ва ба аҳли толор барои иштирок изҳори сипос намуданд.

Баъд, Дилноза Аҳмадзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки 10 ҳазор нафар волонтёр дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат барои расонидани хизмат дар маъракаи муҳимми сиёсӣ ҷалб карда шудаанд ва аз ин шумора 250 нафар ризокор, ки донандаи хуби забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошанд, барои мушоҳидони байналмилалӣ ҳамчун роҳбалад хизмат менамоянд.

Қайд карда шуд, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории мутақобилан судманд бо Комиссияи интихобот ва раъйпурсии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷриба ва фаъолияти ризокорон дар интихобот самаранок истифода хоҳад кард.

Абдуҷаббор Қодирзода доир ба ошкору шаффоф баргузор намудани маъракаи сиёсии дарпешистода ва ташрифи мушоҳидони байналмилалӣ изҳори ақида намуда, зикр намуд, ки Комиссияи интихобот ва раъйпурсии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди омодагӣ ба баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -2020  аз хизматрасонии ризокорон дар самтҳои гуногун, аз ҷумла, барӯйхатгирии интихобкунандагон, тақсимоти маводи иттилоотӣ, ҳамроҳӣ намудани мушоҳидони байналмилалӣ, кумак расонидан дар участкаҳои интихоботӣ ба пиронсолон ва шахсони имконияташон маҳдуд ба таври васеъ истифода мебарад. Инчунин, нотиқ  дастурамали “Роҳнамо барои волонтёрон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро,  ки аз ҷониби Комиссияи интихоботӣ раъйпурсии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ба иштирокчиёни семинар муаррифӣ кард.

Ҳамчунин, донишҷӯён ба саволҳои худ  ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Дар фарҷоми семинари омӯзишӣ Қобил Толибов аз номи роҳбарияти донишгоҳ ба меҳмонон  барои  баргузории чунин як семинари муфид  изҳори  миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки ризокорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамчун ҷавонони содиқу ватандӯсти миллати тоҷик дар рӯзи баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти ҷиддӣ хидмат менамоянд.

Шуъбаи кор бо ҷавонон ва занон

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top