Маблағгузории низоми таҳсилоти олӣ

Бинанда: 1419 | Санаи нашр: 25 Сентябр 2020

25-уми сентябри соли 2020 дар толори диссертатсионии донишгоҳ мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он Замира Қодирова, мутахассиси шуъбаи идоракунии стратегӣ ва низоми идоракунии сифати донишгоҳ дар мавзӯи "Маблағгузории низоми таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария, методология, амалия" ба таври муфассал суханронӣ намуд.

Муҳаққиқи ҷавон таҳқиқоти хешро дар доираи лоиҳаи грантии Институти “Ҷамъияти Кушода” - и Бунёди Мадад дар Тоҷикистон манзури аҳли толор гардонд.

Мақсади таҳқиқоти Қодирова З.Т., аз арзёбии модели амалкунандаи маблағгузории давлатии низоми таҳсилоти олии касбӣ ва муайян намудани мушкилоте, ки ба татбиқи модели нави маблағгузории таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон халал мерасонад, иборат мебошад.

 

Дар доираи таҳқиқот як зумра тавсияҳо, аз ҷумла, роҳҳои суръатбахшии гузариш ба модели нави маблағгузории давлатии низоми таҳсилоти олӣ,  таҳияи нишондиҳандаҳои арзёбии самаранокӣ ва натиҷанокии истифодаи маблағҳои буҷетӣ бо дарназардошти хусусиятҳои муассисаҳои таълимӣ ва ғайра дода шудаанд.

 

Дар мизи мудаввар омӯзгорон ва мутахассисони бахшҳои гуногуни воҳидҳои сохтории донишгоҳ ширкат варзида, на танҳо ба саволҳои худ посух гирифтанд, балки дар муҳокима низ фаъолона иштирок намуданд.

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,

татбиқи лоиҳа ва мубодилаи академӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top