Маросими хотирмон

Бинанда: 1302 | Санаи нашр: 24 Сентябр 2020

Чанде пеш дар толори асосии донишгоҳ маросими супоридани билети донишҷӯӣ ба донишҷӯёни соли аввали таҳсил баргузор гардид, ки дар он декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ, дотсент Салимов Н.С., мудири кафедари иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Қурбонова З.М., мудири кафедраи забони англисӣ ва робитаҳои байнифарҳангӣ Турди-Аханова И.А. иштирок карда, ба донишҷӯён хониши хубу аъло ва орзуҳои нек таманно намуданд.

Нахуст вохӯриро Назаралӣ Салимов оғоз намуда, донишҷӯёнро ба муносибати Рӯзи дониш табрику шодбош гуфта, сипас ба онҳо дар фазои тантанавӣ билети донишҷӯӣ тақдим кард.

Факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top