Дидор бо сарпарастон

Бинанда: 1083 | Санаи нашр: 17 Август 2020

17-уми августи соли 2020 дар донишгоҳ вохӯрии муовини ректор оид ба таълим ва тарбия, дотсент Толибов Қ.Қ., сардори раёсати тарбия ва рушди иҷтимоӣ Акрамов Ф.М. бо сарпарастони гурӯҳҳо баргузор гардид.

Нахуст Толибов Қобил омӯзгорону кормандонро ба муносибати соли нави таҳсили 2020-2021 ва Рӯзи дониш табрику шодбош намуданд ва доир ба раванди таълиму тарбия, баланд баровардани сифат ва дараҷаи дониши донишҷӯён, иштироки сарпарастон дар соатҳои тарбиявӣ, риояи тартибу интизом аз ҷониби муҳассилин ва корҳои тарбиявӣ дар факултетҳо ибрози андеша карданд ва таъкид доштанд, ки иҷрои корҳои баёншуда ва беҳбудии сифати таълиму тарбия аз масъулиятшиносӣ, саъю кӯшиш, серталабӣ ва кордонии ҳайати илмӣ-омӯзгорӣ ва аъзои Шӯрои сарпарастон вобаста аст.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top