Маҷлиси Шӯрои сарпарастон

Бинанда: 1084 | Санаи нашр: 27 Август 2020

27-уми августи соли 2020 дар толори диссертатсионии донишгоҳ ҷаласаи Шӯрои сарпарастони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Толибов Қ.Қ., муовини ректор оид ба таълиму тарбия, раиси Шӯро, Акрамов Ф.М., сардори Раёсати тарбия ва рушди иҷтимоӣ, узви Шӯро, Ҳомидов А.Н., мудири шуъбаи тарбия ва ташаккули шахсият, котиби шӯро ва 38 нафар аъзои Шӯро иштирок намуданд.

Нахуст Толибов Қ.Қ. ҷаласаро ифтитоҳ намуда, рӯзномаи Шӯроро, ки бандҳои зеринро дарбар гирифтааст, ба ҳозирин ошно намуд:

Омодагӣ барои таҷлили 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тасдиқи ҳайати нави Шӯрои сарпарастони донишгоҳ.

Баррасии нақшаи кории Шӯрои сарпарастони донишгоҳ.

Тасдиқи нақшаҳои корӣ:

а) Нақшаҳои кории ҷонишинҳои декан оид ба тарбия.

б) Нақшаҳои кории сохторҳо: шуъбаи тарбия ва ташаккули шахсият, шуъбаи кор бо ҷавонон ва занон, бунгоҳи тиббӣ, директори хобгоҳи донишҷӯён.

Масъалаҳои ҷорӣ.

Сипас оид ба рафти омодагӣ барои таҷлили 29 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сардори раёсати тарбия ва рушди иҷтимоӣ – Акрамов Ф.М. ахбороти муфассал дода, иброз намуд, ки имрӯз дар тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба ин ҷашн рафта истодааст. Аз он ҷумла, дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон нақша – чорабиниҳо тартиб дода шудааст ва он давра ба давра амалӣ мегардад.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top