Рӯзи фархундаи дониш

Бинанда: 1410 | Санаи нашр: 17 Август 2020

17-уми августи соли 2020 дар толори асосии донишгоҳ муовини ректор оид ба таълим ва тарбия, дотсент Толибов Қ.Қ., муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифат, доктори илми иқтисодӣ, дотсент Шаропов Ф.Р., омӯзгорон ва донишҷӯёни курси 1-ум суханронии Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати оғози соли нави таҳсили 2020-2021 ва Рӯзи дониш дар перомуни “Дарси сулҳ” ба воситаи ойинаи нилгун шуниданд.

 

 

Сипас дотсент Қобил Толибов кулли омӯзгорону донишҷӯён ва, бавежа, муҳассилини курси якуми донишгоҳро ба соли нави таҳсил табрику шодбош гуфтанд ва таъкид намуданд, ки онҳо бояд дорои фарҳангу маънавияти баланд ва масъулиятшинос бошанд, тартиб, қоидаҳои донишҷӯӣ, беҳдоштӣ ва фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд, бо баҳои хубу аъло бихонанд.

Дар фарҷом мавсуф перомуни масоили муҳимму мубрами донишҷӯёни курси 1-ум ибрози андеша намуда, ба аҳли нишаст дар соли нави таҳсил барору комёбӣ орзу кард.

Бояд гуфт, ки суханронии Пешвои миллатро дигар донишҷӯёни донишгоҳ низ дар синфхонаҳо аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ тамошо карданд.

Ҳамон рӯз ба ифтихори Рӯзи дониш вохӯрии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода бо омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

Вохӯриро бо сухани муқаддимавӣ муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Заррина Қодирова оғоз намуда, ҳозиринро ба Рӯзи дониш ва соли нави таҳсил шодбош гуфт ва риштаи суханро ба Диловар Қодирзода во гузошт.

 

 

Мавсуф дар бораи илму дониш, ҷашни истиқлолият ва таълиму тарбия ибрози андеша намуд.

Дар хотимаи вохӯрӣ Заррина Қодирова аҳли толорро бори дигар ба Рӯзи дониш ва оғози соли таҳсили 2020-2021 табрику таҳният гуфта, ба онҳо комёбӣ орзу намуд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top