Тадбири судманд

Бинанда: 1157 | Санаи нашр: 15 Август 2020

Аз 12-ум то 15-уми августи соли 2020 дар донишгоҳ бо саъю кӯшиши мутахассисони шуъбаи такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва робита бо хатмкардагон курси кӯтоҳмуддат дар мавзӯи “Ҳифзи иттилоот ҳангоми корбарии технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ” доир гардид.

Дарсҳои курси мазкур дар асоси мавзӯъҳои матраҳшуда аз ҷониби омӯзгори кафедраи системаи иттилоотӣ дар иқтисод Беҳрӯз Бӯриев, гузаронида шуданд.

Дар ин тадбир 26 нафар омӯзгор бо риояи фосилаи иҷтимоӣ иштирок намуданд ва ба ҳамаи онҳо аз ҷониби раёсати донишгоҳ сертификати мувофиқат супорида мешавад.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top