Солимии ҷомеа - солимии миллат

Бинанда: 1901 | Санаи нашр: 04 Май 2020

4-уми майи соли 2020 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ вобаста ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Муроҷиатномаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир ба корҳои ободонию хуррамгардонӣ, бунёдкориву созандагӣ, тозагию поккорӣ, густариши раванди корҳои баҳорӣ дар пойтахт ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла COVID-19 дар байни аҳолии як қатор маҳаллаву шаҳракҳои ҳудуди ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ, паҳн намудани маводи таблиғотӣ ва собуну маводи антисептикиро амалӣ намуданд.

 

 

Дар доираи ин иқдоми муҳим кормандони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоқикистон, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Заррина Қодирова ва дигар вакилони ноҳиявӣ ба 340 нафар оилаи камбизоату ниёзманди ноҳияи Фирдавсӣ ба миқдори 340 адад собун ва 250 адад маводи антисептикӣ тақдим намуданд. Ҳамзамон гурӯҳи ёдшуда дар роҳраву кӯчаҳо ба сокинон ва роҳгузарон маводи иттилоотӣ ва муроҷиатномаи раиси шаҳри Душанберо тақсим намуданд ва ба онҳо доир ба зарурати истифодаи ниқоби тиббӣ ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ маълумот доданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top