Ризокорон дар ҷомеа

Бинанда: 1797 | Санаи нашр: 02 Май 2020

Аз 2-юм то 4-уми майи соли 2020 шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони донишгоҳ дар доираи ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ризокорон – омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯён дар байни сокинони ноҳияи Фирдавсии Душанбешаҳр кори фаҳмондадиҳӣ доир ба  пешгирии паҳншавии бемории коронавирус гузарониданд. Ҳайати корӣ ба шаҳрвандон дар бораи бемории COVID - 19, риояи қоидаи санитарӣ-гигиенӣ, назорат аз болои фарзанд, истифодаи ниқоби тиббӣ дар ҷойи ҷамъиятӣ, ба даст салом накардан, дар фосилаи на кам аз 1,5 метр истодан, ба даҳон, бинӣ ва чашм даст нарасонидан, аз бемор дар фосилаи на кам аз 2 метр будан, дастро ба собун шустан ва бо маҳлули антисептикӣ покиза намудан, ҳангоми пайдоиши нишонаи беморӣ ҳатман ба табиб муроҷиат кардан, ба иттилооту хабари дурӯғу ғаразнок бовар накардан, ба таҳлука наафтидан ва басабру пуртаҳаммул будан, сухан гуфтанд.

 

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top