Даври якуми озмун

Бинанда: 1922 | Санаи нашр: 22 Апрел 2020

22-юми апрели соли 2020 дар толори диссертатсионӣ бо саъю кӯшиши садорати факултетҳо ва шуъбаи кор бо ҷавонон ва занон даври якуми Озмуни донишгоҳии «Беҳтарин донишҷӯи сол» дар байни факултетҳои донишгоҳ ба мақсади ҷалби донишҷӯён ба китобхонию илмомӯзӣ ва дигар амалҳои созанда  баргузор гардид.

 

Даври якуми озмун аз рӯи шартҳои зерин сурат гирифт:

- навиштани кори хаттӣ (эссе) ба забони давлатӣ;

- навиштани диктант ба забонҳои русӣ ва англисӣ (барои донишҷӯёне, ки ба ин ду забон таҳсил менамоянд).

Озмун дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардид ва як гурӯҳ донишҷӯёни фаъол ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top