Зaбон донӣ – ҷаҳон донӣ

Бинанда: 2334 | Санаи нашр: 19 Апрел 2020

17 – уми апрели соли 2020 дар донишгоҳ бо саъю кӯшиши ҳайати омӯзгорони кафедраи забонҳо дар перомуни «Барномаи такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015 -2020» семинари илмӣ – фарҳангӣ баргузор гардид.

Ҳамоишро бо сарсухан муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифат, доктори илми иқтисодӣ, дотсент Фарҳод Шаропов оѓоз намуда, зикр кард, ки гузаронидани чунин маҳфилҳои илмию адабӣ барои рушду инкишофи омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳ таъсири мусбат ва пурбор мерасонад.

Дар семинар ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ дар доираи мавзӯи матраҳшуда сухан гуфтанд.

Дар бахши фарҳангии ҳамоиш донишҷӯён ба забонҳои русӣ ва англисӣ шеъру суруд хонданд ва хотири аҳли нишастро болида гардониданд.

Аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба иштирокдорони фаъоли ҳамоиш ифтихорнома супорида шуд.

 

 

 

 Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top