Ҳафтаи пурбор

Бинанда: 2088 | Санаи нашр: 18 Апрел 2020

Шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони раёсати тарбия ва рушди иҷтимоӣ дар доираи таҷлили Рӯзи пойтахт якчанд чорабинӣ баргузор намуд.

Аз 16-ум то 18-уми апрели соли 2020 барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар байни донишҷӯён дар толори варзишии донишгоҳ мусобиқаҳои варзишии тенниси рӯимизӣ ва шоҳмот доир гардид. Дар мусобиқа донишҷӯён фаъолона ва бо як завқу рағбати зиёд иштирок намуданд.

 

15-уми апрели имсол дар байни донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе” ташкил ва баргузор гардид. Дар озмун донишҷӯён аз рӯи маҳорати сухандонӣ ва эҷодкорӣ низ сабқат намуданд. Меҳрона Ватанова, донишҷӯи курси 1-уми  ихтисоси 25010407А  дар озмун  ғолиб омада, аз ҷониби сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида  шуд.    

Аз 13-ум то 18-уми соли равон дар хобгоҳ ва кӯчаҳои наздики донишгоҳ  шанбегӣ гузаронида шуд, ки дар он донишӯён фаъолона иштирок намуданд ва саҳми худро дар ободонӣ ва хуррамгардонии Душанбешаҳр гузоштанд.   

               

16-уми апрели ҳамин сол дар хобгоҳи донишгоҳ маҳфили “Мо ҷавонони пешсафи пойтахт” ба мақсади ҷалб намудани ҷавонон ба маҳфилҳо, баланд бардоштани ҳуввиятӣ миллӣ, худшиносию ифтихори миллӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ва ҳушёрию зиракии ҷавон гузаронида шуд, ки дар он донишҷӯёни хобгоҳ фаъолона иштирок намуданд. Дар маҳфил донишҷӯён дар ситоиши ватан, пойтахт шеъру суруд хонданд, саҳнаҳои хурди тарбиявӣ нишон доданд ва андешаи худро дар бораи Душанбе –пойтахти кишвар иброз намуданд.    

Аз 13-ум то 18-уми апрели соли 2020 дар донишгоҳ ва хобгоҳи донишҷӯён аз ҷониби  ҳайати комиссияи раёсати донишгоҳ дар доираи “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар байни донишҷӯён  корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ  гузаронида шуд.

  

18-уми апрели соли 2020 дар байни донишҷӯёни донишгоҳ озмуни “Селфии беҳтарин доир ба шаҳри Душанбе” доир гардид. Ин гуна озмуну ҳамоишҳо дар зеҳни ҷавонон рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва садоқат ба миллатро бештар талқин менамояд. Донишҷуён дар озмун  фаъолона ширкат варзида, расмҳо (селфиҳо) - и беҳтарини худро ба нишонии шуъба ирсол намуданд ва аз байни расмҳои ирсолшуда беҳтарини онҳо интихоб гардиданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top