Озмуни “Хубрӯи пойтахт”

Бинанда: 1987 | Санаи нашр: 17 Апрел 2020

17-уми апрели соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба мақсади омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, ҳифз ва нигоҳдошти беҳтарин анъана, расму ойинҳо, суннатҳои миллӣ, тарбияи эҳсоси худшиносӣ ва меҳандӯстӣ, шиносоӣ ба таъриху фарҳанг, тамаддуни миллӣ, бузургдошти назокат ва ободии хонадон Озмуни машваратӣ – зеҳниро таҳти унвони “Хубрӯи пойтахт” миёни донишҷӯёну ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди пойтахт баргузор намуд.

Дар озмун донишҷӯдухтарони фаъоли Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тибқи шартҳои низомномаи озмун байни ҳам рақобат намуданд.

 

 

 

Озмун аз шартҳои зерин:  саломнома, монолог дар бораи пойтахт, қироати шеър дар васфи пойтахт, расми беҳтарин (манзараҳои пойтахт), иншои беҳтарин дар мавзӯи “Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе...” иборат буд.

Бояд гуфт, ки донишҷӯёни ҳар ду донишгоҳ аз иҷрои шартҳои озмун бомуваффақият баромада, холҳои якхеларо соҳиб гардиданд.

Дар фарҷом сардори раёсати  кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Наргис Шарифзода ба раёсати донишгоҳ ва  масъулини шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои омода намудан  ва дар сатҳи баланд гузаронидани озмуни мазкур арзи сипос намуда, ба раёсати донишгоҳ, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занон ва иштирокчиёни озмун  ифтихорнома  ва туҳфаҳои хотиравӣ супорид.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top