Ҷамъбасти "Ҳафтаи илм"

Бинанда: 2587 | Санаи нашр: 17 Апрел 2020

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Байти зикргардида ҳанӯз ёздаҳ қарн қабл аз ҷониби маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гуфта шуда, шоири ширинкалом фоида ва муҳимияти илму маърифатро ба таври барҷаста нишон дода, одамонро ба омӯхтан ва аз бар намудани он даъват намудааст.

Дар робита ба ин, ҳамасола дар кишвари азизамон гузаронидани «Ҳафтаи илм» ба ҳукми анъана даромадааст.

Чорабиниҳои илмию маърифатие, ки таҳти ҳамин ном аз 13-ум то 16-уми апрели соли ҷорӣ дар ДДТТ баргузор гардиданд, рӯзи 17-уми апрел дар ҷаласаи умумӣ ҷамъбаст карда шуданд.

Ҷаласа бо сухани муқаддимавии муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифат, доктори илми иқтисодӣ, дотсент Фарҳод Шаропов оғоз ёфт. Фарҳод Раззоқович аз ҷумла қайд намуд, ки дар доираи «Ҳафтаи илм» омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ чорабиниҳои илмӣ аз қабили конференсия, викторина, семинар, дарси кушод, мизи мудавварро дар сатҳи баланд баргузор намуданд. Аз ин рӯ, - гуфт ӯ, -  ба омӯзгорону донишҷӯёне, ки дар гузаронидани маҳфилҳои илмӣ саҳм гузоштанд, изҳори сипос менамоем.

Сардори раёсати илм ва инноватсия, профессор Раҷаб Раҷабов зимни суханронӣ ҳозиринро бо ҷамъбасти муваффақонаи "Ҳафтаи илм" шодбош гуфт ва иброз дошт, ки аҳли илми донишгоҳ минбаъд низ дар рушди илми ватанӣ ва баланд баровардани обрӯю нуфузи донишгоҳ саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Дар фарҷом донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ Меҳроҷиддини Ҷаббор, Ахмедзода Муҳаммадраҳим Файзулло, Ҷабборова Сабрина, Ҳакимализода Дилафрӯз, Ҳасанова Бибимайрам, Ҳасанова Алфират, Асоева Матлуба, Эгамзода Исҳоқ, Тоиров Миралӣ, Руё Абдул Алӣ, Расулов Сипар, Азиззода Қумрӣ, Ҳофизов Муҳаммадрасул, Юнусов Азамат, Раҷабова Манижа, Сафарова Нафиса, Ҳасанова Бибимайрам, Ҳасанов Ёқуб, Каримова Муниса, Адибаи Асомиддин, Мирзоалиев Хайём, Собирзода Сунатулло Собирҷон бо дипломи дараҷаи як сарфароз гардонида шуданд.

Маълумоти муфассал доир ба донишҷӯёни муваффақ

  

 

 

 

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top