ШОДБОШИИ ОЛИМИ ҶАВОН

Бинанда: 1929 | Санаи нашр: 17 Апрел 2020

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидояти Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки илму маорифро чун соҳаи афзалиятноку стратегӣ эълон намудааст, ба масъалаи омода кардани кадрҳои миллии илмӣ таваҷҷуҳи афзун зоҳир менамоянд.

 

Чанде пеш мудири шуъбаи рушди стратегӣ ва низоми менеҷменти сифат Ҷамшед Машокиров дар мавзӯи “Баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои маишӣ дар шароити иқтисодӣ бозорӣ” муваффақона рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд ва бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми марти соли 2020 ба ӯ дараҷаи илмии номзади илми иқтисодӣ дода шуд.

17-уми апрели соли равон дар толори диссертатсионӣ дар рӯзи ҷамъбасти "Ҳафтаи илм" аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба Ҷамшед Машокиров шаҳодатномаи номзади илми иқтисодӣ супорида шуд.

Раёсат ва ҳайати илмию омӯзгории донишгоҳ Ҷамшед Машокировро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми иқтисодӣ шодбош гуфта, ба эшон дар фаъолияти босамари илмӣ ва омӯзгорӣ барору комёбӣ орзу менамоянд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top