Комёбии иқтисодшиноси ҷавон

Бинанда: 1445 | Санаи нашр: 01 Апрел 2020

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба масъалаи омода ва тарбия намудани кадрҳои арзандаи илмӣ аз ҳисоби ҷавонони болаёқат таваҷҷуҳи вежа зоҳир карда мешавад.

Чанде пеш муовини декан – эдвайзери омӯзиши ғоибонаи факултети молия ва фаъолияти бонкӣ Ораз Муртазоев аз рӯи ихтисоси 080005 – иқтисод ва идоракунии хоҷагии халқ дар мавзӯи “Такмили механизми ташкилӣ – иқтисодии рушди низоми саноатӣ – инноватсионии минтақавӣ” муваффақона рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд ва бо қарори Шӯрои диссертатсионии Д 999.020.02 – и Федератсияи Россия дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ӯ дараҷаи илмии номзади илми иқтисодӣ дода шуд.

 

Раёсат ва ҳайати илмию омӯзгории донишгоҳ Ораз Муртазоевро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми иқтисодӣ табрику таҳният гуфта, ба эшон дар фаъолияти босамари илмӣ ва омӯзгорӣ барору комёбӣ орзу менамоянд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top