Федератсияи миллии «Ҷиу -Ҷитсу» - и Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси федератсия Алиҷон Давлатов мураббии шоситаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  устоди  варзиши байналмилалӣ, камарбанди сиёҳ дони – II  оид ба Ҷиу - Ҷитсу, ва асосгузори  намуди варзиши Ҷиу-Ҷитсу дар қаламрави  Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар мусобиқаҳои бонуфузи хориҷи кишвар  ширкат  варзидааст, ва сазовори чандин дараҷаи якум гаштааст. Ҷиҳати баланд  бардоштани  нақши маданияти  ҷисмони ва варзиш, мустаҳкам намудани саломатии ҷавонону наврасон,  ташакули тарзи ҳаёти солим, ва баланд бардоштани сатҳи ҳамин намуди варзиш дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва берун аз кишвар мебошад.

Намуди варзиши миллии Ҷиу-Ҷитсу аз таърихи  2 сентябри  соли 2013 хамчун  федератсияи миллӣ   расман ба қайд  гирифта шудааст. Федератсияи мазкур дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Вилояти Хатлон, Вилояти Суғд ва дар шаҳри  Душанбе филиали худро таъсис дода, ва инчунин федератсияи мазур бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи Олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳайати Осиёи, Байналмиллалӣ, Ҷаҳони воридшудааст. Роҳбаряти федератсияи мазкур чандин чемпионатҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидааст. Дастаи мунтахаб дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ ва дар бозиҳои Осиё ширкат варзиданд.  Маркази федератсияи миллии ҷиу-ҷитсу - и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистон қарор дошта ва дастаи мунтахаби  Ҷиу - Ҷитсуии Ҷумҳури Тоҷикистон дар базаи  варзишии донишгоҳ фаъолят дорад.  Ҳадаф ва фаъоляти чунин як федератсия ҷалб намудани бештар ҷавонон ва наврасон дар самти варзиш, ватандусти ва парчамбардори Ватани азизамон  берун аз кишварамон бошанд.
 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top