Магистратура

Қабул ба магистратураи Донишгоӽи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шуъбаӽои рӯзона ва ғоибона аз рӯи ихтисосӽои зерин роӽандозӣ шудааст:

  • 26020201 – Менеҷменти ташкилот
  • 40010202 – Менеҷменти иттилоотӣ
  • 26020202 – Менеҷменти сайёӽӣ ва меӽмонхонадорӣ
  • 25010402 – Умури бонкӣ
  • 25010300 – Бизнеси байналмилалӣ
  • 96010102 – Хадамоти гумрукӣ
  • 24010200 – Ӽуқуқи тиҷорат
  • 25010701 – Иқтисоди корхона (фирма)
  • 26020300 – Маркетинги байналмилалӣ
  • 25010300 – Иқтисоди ҷаӽон
  • 25010407 – Молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодии берунӣ
  • 25010804 – Баӽисобгирии бухгалтерӣ ва аудит
  • 25010900 – Молшиносӣ ва муоинаи молӽо
  • 25015100 – Тиҷорат ва бозори берунӣ

 

Мӯӽлати таӽсил дар магистратура (тибқи низоми кредитӣ):

  • дар шуъбаи рӯзона – 2 сол
  • дар шуъбаи ғоибона – 3 сол

 

Маблағи таӽсил

Таӽсил дар магистратураи Донишгоӽи давлатии тиҷорати Тоҷикистон шартномавӣ буда, арзиши таӽсил дар соли хониши 2013-2014 дар шӯъбаи рӯзона барои шаӽрвандони Ҷумӽурии Тоҷикистон 5617 сомонӣ, барои шаӽрвандони хориҷӣ 10300 сомонӣ ва дар шӯъбаи ғоибона барои шаӽрвандони Ҷумӽурии Тоҷикистон 4493 сомонӣ, барои шаӽрвандони хориҷӣ 7760 сомонӣ муайян карда шудааст.

 

Талаботӽои қабул ба магистратура

1. Ба магистратура шахсоне, ки дипломи зинаи бакалавр ва ё худ мутахассис доранд, қабул карда мешаванд. Довталаб аз рӯи тахассуси интихоб намудааш кори хаттӣ (реферат) пешниӽод намуда, ба тариқи сӯӽбат аз озмун мегузарад. Барои шахсоне, ки дипломӽои онӽо ба равияи интихобнамудаашон мувофиқат намекунад, аз рӯи талаботи муайяннамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумӽурии Тоҷикистон оид ба таӽсил дар магистратура имтиӽонӽои ӽатмӣ аз фанӽои тахасссусӣ муқаррар карда мешавад.

2. Агар дохилшавии довталаб ба магистратура, баъд аз ӽамон соли мактаби олиро хатм кардани ӯ мувофиқ ояд, ба сифати имтиӽони дохилшавӣ натиҷаи имтиӽони ҷамъбастии хатми муассисаи олии таълимӣ аз рӯи ихтисос ба ӽисоб гирифта мешавад (ба шарте, ки баӽои имтиӽони ҷамъбастии ихтисос аз баӽои «хуб» паст набошад). Агар дохилшавӣ ба магистратура пас аз як соли хатм сурат гирад, новобаста аз доштани дипломи аъло довталаб имтиӽон месупорад.

3. Аз рӯи натиҷаи сӯӽбат ва супоридани имтиӽони дохилшавӣ  оиди қабул ба магистратура қарори мусбат ё манфӣ қабул карда мешавад.

4. Холи миёна аз рӯи замимаи дипломи таӽсилоти олӣ муқаррар карда мешавад.

5. Барои қабул ба магистратура довталабон ӽуҷҷатӽои зеринро пешниӽод менамоянд:

  • аризаи шахсӣ ба номи ректор бо нишон додани равияи магистратура ва ихтисоси он;
  • дипломи таӽсилоти олии касбӣ ва замимаи он;
  • ӽуҷҷат оид ба эътирофи маълумоти олӣ аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумӽурии Тоҷикистон (барои шаӽрвандони хориҷӣ);
  • тавсияномаи комиссияи аттестат-сионии давлатӣ барои дохилшавӣ ба магистратура;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 086/У);
  • 6 адад  акс (андозаи 3х4);
  • шиноснома (нусха);
  • билети ӽарбӣ ё шаӽодатномаи ӽарбии даъватшаванда;
  • тавсифнома (аз донишгоӽ ё ҷои кор);
  • дигар ӽуҷҷатӽои тасдиқкунандаи пешрафти корӽои илмӣ, таълимию методӣ, донистани забонӽои хориҷӣ, малакаи кор бо компютер, нусхаи мақолаӽои илмӣ ва ғайра.

 

Магистрантон ӽуқуқ доранд баъди як соли таӽсил дар Донишгоӽи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, таӽсилро дар  магистратураи донишгоӽӽои бонуфузи кишварӽои ҷаӽон идома диӽанд.

Магистрантон бо хобгоӽ ва ҷиӽозӽои таълимӣ пурра таъмин карда мешаванд.

 

 

Суроғаи мо: ш. Душанбе, кӯчаи Деӽотӣ 1/2, тел.: (992 37) 2348346

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.; Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Таҷрибаомузӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top