КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ «ТАЪЛИМ ВА ТАКМИЛИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ»

Бинанда: 335 | Санаи нашр: 06 Май 2024

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 20-уми майи соли 2024 конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Таълим ва такмили забонҳои хориҷӣ» дар пояи кафедраи Забонҳо доир менамояд. Ба конфронси мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, олимону муҳаққиқон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ даъват карда мешаванд.

Дар конфронс масоилҳои зерин мавриди муҳокима қарор мегиранд:

1. Татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар донишкадаву донишгоҳҳои ҷумҳурӣ;

2. Омӯзиши адабиёт оид ба забони русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ (донишкадаву донишгоҳҳо) – дар рушди умумиинсонпарварӣ;

3. Методология ва методикаи муосири омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар бознигарӣ ва такмили системаи омода намудани кадрҳо барои таълими забони русӣ ва англисӣ;

4. Омӯзиши забонҳои русӣ, хориҷӣ - имконот, пешрафт ва мушкилот;

5. Масоили муҳимияти забони – русию англисӣ дар шароити ҷомеаи иттилоотӣ;

6. Самараи дарсҳои кушод дар таълими забони русӣ ва англисӣ;

7. Омӯзиш ва рушди забони давлатӣ - муҳаррики омӯзиши забонҳои хориҷӣ.

 

Дар ин замина, олимон, муҳаққиқон, магистрантҳо ва хоҳишмандоне, ки дар кори конфронс хоҳиши ширкат варзидан мехоҳанд, метавонанд то 17-уми майи соли 2024 мақолаҳои худро ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., ирсол ва ё дар шакли электронӣ ба суроғаи 734061, ш. Душанбе, хиёбони Деҳотӣ 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон манзур намоянд.

 

Забони конфронс: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

 

 

Қаҳҳоров Масъуд Маҳмудович (мутасаддӣ)

Тел.: (+992 34)  234-85-44, (+992)  934444155.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

Линк барои пайваст шудан ба конфренсия: https://meet.google.com/uyn-crud-opo

 

Мактуби иттилоотӣ.pdf

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top