Курси кутоҳмуддати “барномасозии 1-С муҳосибот”

Бинанда: 327 | Санаи нашр: 21 Феврал 2024

Ба диққати устодон ва донишҷӯён расонида мешавад, ки кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити донишгоҳи давлатии тиҷорати тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо институти ҷамъиятии бухгалтерон ва аудиторони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон курси кутоҳмуддати “барномасозии 1-С муҳосибот” баргузор менамояд.

Курс аз ҷониби мутахассисони варзидаи дорои сертификати байналмилалӣ тибқи барномаи таҳсилоти касбии байналмилалии муҳосибон гузаронида мешавад.

Пас аз анҷоми курс ба иштирокдорон сертификат дода мешавад.

Машғулиятҳо ҳар ҳафта рӯзи шанбе аз соати 13:30 то 16:00 гузаронида мешавад.

Маълумоти иловагиро метавонед аз кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити ДДТТ (Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.) дастрас намоед.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top