Ба таваҷҷуҳи довталабон!

Бинанда: 1203 | Санаи нашр: 01 Август 2023

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз санаи 25-уми июли соли 2023 қабули ҳуҷҷатҳои довталабоне, ки тибқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд оғоз ёфта,  ҳуҷҷатсупорӣ идома дорад.

Ба комиссияи қабул ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад:

  • шиноснома;
  • аттестат дар бораи хатми МТМУ (нусхаи аслӣ);
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038);
  • билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи даъват;
  • маълумотнома аз ҷои истиқомат;
  • 6 дона сурати андозаи 3х4.

Довталабони мӯҳтаррам, қабули ҳуҷҷатҳо то санаи 6-уми августи соли 2023 муқарар шудааст.

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top