Хабархои сиёси (512)
Dolor pretium adipiscing Nam Curabitur nulla Duis id tellus at et. Dui orci Sed dolor Aenean tincidunt vitae vitae sed mattis sed. Purus Vivamus dapibus lorem Vestibulum dis pellentesque tristique dui Morbi hendrerit. Eu eu eros interdum tempus facilisi orci mollis netus semper massa. Consequat sed pellentesque cursus et vel nunc lacinia quis semper senectus. Felis Donec libero nibh Sed velit a Nulla elit dui porttitor.
Соли варшикастагии оппозитсия - 2019 (Ҷавоб ба ахбори «Муҳимтарин рӯйдодҳои оппозитсия дар соли 2018)
Written by CомонаШикасти мухолифони сиёсӣ ва чолишҳои наҳзат дар 2018
(Ҷавоб ба сомонаи ифротӣ risolattj.com)
Дар соли 2018 мухолифони сиёсии тоҷики муқими хориҷа ба шикаст мувоҷех шуданд. Дағдағаҳои амниятии дохилии наҳзат, аз ин гурӯҳ ҷудо шудани сиёсатмадорони номӣ, Г24 ва дар марзҳои Афғонистон фирорӣ шудани қаноти ҷангии наҳзат «Ансурулло» ва мафтуншавӣ аз масъалаи ДИИШ, фурсати нокоме будан дар бозёбии беқувватии ифротиҳои фирорӣ.
Соли 2018-и милодї бо тамоми бурду бохтњои хеш ба сањафоти таърих ворид мешавад. Ин сол барои мардуми кишвар соли бобарор ва соли муваффаќияту созандагї буд, ки дар њамаи арсањои њаёти сиёсиву иќтисодї ва иљтимої новобаста аз душворињо ва мушкилоти мављуда, ба пешрафт ва дастовардњои муњим ноил гардиданд. Њарчанд худбохтагону бењувиятоне дар хориљи кишвар кўшишњо ба харљ доданд, то монеи рушди кишвар гарданд, аммо онҳо ба муваффаќияте ноил нашуданд. Дар маљмўъ метавон соли 2018-ро барои нерўњои зиддимиллї ва зидди истиќлоли тољикистон соли нокомї ва варшикастагї арзёбї намуд. Шикасти ин гурӯњњои терористии њувиятбохта ба таври зайл аст:
Инак соли 2018-и мелодӣ бо ҳамаи бурду бохтҳояш ба саҳифаи таърих ворид гашт. Соил 2018 барои мардуми тоҷику тоҷикистонӣ соли бобарору пурфайз буд. Дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас ноил гашт. Ҳарчанд душманони миллати тоҷик дар хориҷи кишвар дар симои ташкилоти террористии наҳзатии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ бо супориши «хоҷагонашон» кӯшиш карданд, ки бо ҳар роҳу восита монеи рушди кишвар дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ гарданд, аммо ин палидҳо ба орзӯҳои ғаразноки зидди миллиашон нарасиданд ва ба нокомӣ дучор гардиданд.
Соли 2018 бо воқеъаҳо ва ҳодисаҳои аљибу ғарибаш дар хотирҳо мондааст. Яке аз воқеъаҳои аљиби дар соли гузашта рухдода муноќишаи тудаи террористони нањзатї бо яке аз аъзоёни њайати Љумњурии Тољикистон Мурод Саидзода зимни баргузории конфронси САҲА дар шањри Варшаваи Лаҳистон буд.
Иғвогарию моҷароҷӯӣ ва дигар амалҳои палидона барои террористони наҳзатӣ як кори маъмулӣ ба ҳисоб меравад. Онҳо барои расидан ба мақсадҳои ғаразнокашон ҳамеша аз усулҳои ноҷавонмардона истифода мекунанд. Аз ин рӯ, дар дилхоҳ ҳолату маврид аз тарафи инҳо сар задани макру ҳиллаҳои ғайриинсонӣ эҳтимол дорад.
«Гови бешир садояш баланд аст», мегуфтанд дар урфият. Хабарнигоре ки аз бекорӣ ва пархошгарӣ, сомонаи зиддимиллӣ сомон дода, хабарнигор худаш, таҳиягар худаш, бастакор худаш ва наворбардор худаш мебошад, ба манбаъ ва сарчашмаи истисноии кизбу дурӯғ дар ҷумҳурӣ табдил ёфтааст. Мисли он сарояндаест, ки хонанда худаш, дар рақс худаш ва дар авҷ ҳам худаш бошад. Пештар кӯдаконро бо аҷинаву дев метарсонданд.
Дар воқеаи ахири Хоруғ ҳамаро М.Салимпул гуфт, вале чун танаффури азалӣ ба ниҳодҳои ҳукуматӣ дорад, нагуфт ки духтари Мазориев Хурсандро то сарҳади марг узви ГМҶ расонид. Нагуфт ки мудирияти волои ҳукуматдорӣ ва асолати миллист, ки боз чархбол таъмин карданд, то бемор муолиҷаи муносиб бигирад. Вале чун ба ҳадафҳои каҷманишаш рост меояд, овоза пароканд, ки ГМҶ дар Душанбе вохӯрдааст.
Сомонаи «рисолат», ки рисолати паҳн кардани ахбори дурӯғро дорад, навиштааст «Нооромӣ дар Хоруғ ба далели боздошти бародари Боқир». Ва айнан иттилооти сомонаи падари дурӯғгӯён–ахбор.ком-ро беислоҳ ва каму кост рӯбардор карда, ба мардум расонидааст. Ин бархӯрдро дар муҳити журналистон, шармандагӣ мегӯянд. Плагиат мегӯянд. Дуздии ҳаққи захмати муаллиф мегӯянд.
В погоне за дешёвой сенсацией интернет-сайт «Фергана.Ру», он же «Фергана.agency», регулярно публикует лживые, клеветнические материалы в отношении ситуации в Таджикистане. Основным информационным источниками здесь выступает экстремистский сайт террористической организации Партия исламского возрождения (ТЭО ПИВ) «Ахбор.ком». Каков поп, такой и приход, какой источник – таковы и новости!
Ҷаҳони имрўз бо ворид гардидан ба марҳалаи ҷаҳонишавӣ бо хатарҳое рӯ ба рӯ мегардад, ки ин хатарот на танҳо ба амнияту суботи кишварҳои алоҳида, балки ба кулли мамолики ҷаҳон таҳдид мекунанд. Ба қатори чунин хатарҳо метавон афзоиши терроризм ва экстремизми диниро мансуб донист, ки коршиносон ва сиёсатмадорон як қатор омилҳоро сарчашма ва заминаи ин падидаи хавфноки замони муосир меҳисобанд.
Ин омилҳо, пеш аз ҳама, гароиши ҷавонон ба ҷараёнҳои экстремистии динӣ, афзоиши ақидаи фундаменталистӣ дар байни наврасону ҷавонон ва тағйир додани мафкураи онҳо мебошад. Ба ривоҷи ин рӯҳия дар байни ҷавонон як андоза канораҷӯӣ намудани ниҳодҳои салоҳиятдор аз таъмин ва тарғиби ҳаёти солим, арзишҳои суннатии ахлоқию мазҳабӣ, паст рафтани сатҳу сифати чорабиниҳои фарҳангӣ ва тарбиятӣ, бетарафӣ зоҳир намудани қишри таъмиргузори ҷомеа, хосса аҳли илму фарҳанг, устодон, волидайн ва умуман ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат менамояд. Дар натиҷаи камфаъолиятии ниҳодҳо ва ашхоси номбурда дар зеҳни насли ҷавон тайи даҳсолаҳои охир холигӣ ба вуҷуд омада истодааст, ки метавонад ҳар гуна мафкураи идеологияи ҷадид онро пур кунад.
Тарғибгарони акидаҳои экстремистӣ аз василаҳои муосири иттилоотӣ, интернет ва хосса шабакаҳои иҷтимоӣ истифода менамоянд, ки хавфи бештареро дар ташаккули ақоиди экстремистӣ дар байни ҷавонон ба бор меорад. Мо дар дохили кишварҳои худ шояд бо роҳҳое тарғиби ин ақидаҳои зарароварро маҳдуд карда тавонем, вале раванди муҳоҷират ва ҳиҷрати ҷавонон бо сабабҳои гуногун ба кишварҳои дигар падидаи идоранашаванда гардидааст. Чунон ки ба назар мерасад, солҳои охир аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ пайвастаанд, аз тариқи муҳоҷират бо онҳо иртибот пайдо кардаанд. Тибқи оморҳои расмӣ, ба ин гурӯҳҳо асосан ҷавононе, ки дар оғози роҳи зиндагии мустақилона қарор доранд, гароидаанд, ки ин ташвишовар боқӣ мемонад. Бояд гуфт, ки беш аз ҳама ҷавонони аз 25 то 30-сола ба ин равияҳо ҷалб шудаанд. Воқеан, инсон дар ин марҳалаи синнусолӣ хеле ҳассос ва ҷӯё мебошад. Қувваи зиёди ҷисмонию рӯҳониро дар худ эҳсос менамояд ва мехоҳад, ки онро дар ҷое истифода кунад. Вақте ки мо ин неру ва қувваи ҷисмонию рӯҳонии ҷавононро ба самти лозимӣ, ба манфиати ҷомеа ва бо мақсади беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии худи онҳо масраф карда наметавонем, бо чунин падидаи нодуруст рӯ ба рӯ мегардем. Мувофики омори расмӣ то сентябри соли 2018 шумораи ҷавонони ба сафҳои созмони террористии давлати исломӣ ҷалбшуда аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 1899 нафарро ташкил медиҳад. Илова бар ин, оилаҳои зиёде бо роҳҳои гуногун ба ин созмонҳо ҷалб шудаанд ва имрӯз дар Сурияву Ироқу Афғонистон ҳастанд. Ин хонаводаҳо ба кушта шудани саробонашон дар ҷангҳо дар кишварҳои бегона сарсону саргардон ҳастанд.
Бояд гуфт, ки айни замон масъалаи хатарҳои экстремистию террористӣ ба як мушкилии глобалии ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Имрӯз ягон кишвари дунё аз ин хатарҳо дар канор нест. Аз байн бурдани ин падидаи хатарнок талаб менамояд, ки роҳу васила ва имкониятҳои мавҷуда муташаккилона, ҳадафмандона ва бо самар истифода шаванд, ин хатарҳо бояд беш аз ҳарвақта ҷомеаи ҷаҳониро муттаҳид созанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири иштироки фаъолона дар самти мубориза ба муқобили хатарҳои ҷаҳони муосир “Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солои 2016-2020”-ро таҳия ва қабул намуд. Тибқи ин барнома тайи чанд соли охир дар кишвар корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ ва профилактикӣ ташкил карда шуданд. Дар натиҷа нафарони зиёди гумроҳ аз сафҳои гурӯҳҳои террористӣ аз хориҷи кишвар ба ватан баргардонида шуданд. Инчунин, раванди шомилшавии ҷавонон ба ин созмонҳо пешгирӣ шуда истодааст, ки ин воқеан натиҷаи амалии барномаи мазкур аст. Мувофиқи оморҳои расмӣ ва дар натиҷаи бурдани корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ 175 нафар шаҳрванди кишвар, ки ба ҷодаи гумроҳӣ афтода буданд, ба ватан баргардонида шуданд. Аз ҷумла, танҳо дар соли 2018 дар маҷмӯъ 75 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ватан баргардонида шуд, ки ин натиҷаи амалии фаъолияти мақомоти дахлдори кишвар аст. Барои боз ҳам босамартар гардидани раванди амалисозии барномаи мубориза ба муқобили экстремизму терроризм ҳамкории бештари мақомоти дахлдор бо ҷомеаи шаҳрвандӣ лозим аст. Ин ҳамкорӣ бояд ҳадафмандона, муассир ва амалишаванда бошад. Чунки масъулияти бехатарӣ, сулҳу субот ва амнияти кишвару ҷомеа дар баробари ниҳодҳои давлатӣ, инчунин бар дӯши ҳар як шаҳрванди кишвар низ мебошад.
Ш. Солеҳов, аъзои фаъоли ҲХДТ
More...
Тибқи иттилои расонаҳо ҷинояткорони наҳзатӣ дар назди Сафоратхонаи ҶТ дар шаҳри Берлини кишвари Олмон бо ҷалби чанд гумроҳу худбохтаи дигар ҷамъ шуда онро гирдиҳамоии эътирозӣ номиданд. Маълум аст, ки роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ҳамчун ташаббускори аслии баргузории ин ҳамоиш бо чунин амали ҳангомаҷӯёнаи худ чӣ ҳадафи муғризонаеро пайгирӣ кардан мехоҳад. Бидуни шак онҳо фақат ба хотири манфиатҳои гурўҳии худ талош доранд ва дар ин росто зидди манфиатҳои милливу давлатӣ амал менамоянд. Роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва ҳаммаслакони онҳо бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда мардумро ба чолиш кашанд. Бубинед ин муддаиёнро, ки агарчи зоҳиран лофи ватандорию миллатдӯстӣ мезананд, аммо амалан алайҳи миллат ва Ватани худ талош меварзанд. Оё ҳамин аст оини ватандорӣ ва рисолати шаҳрвандии онҳо? Магар фаромўш кардаанд, ки маҳз онҳо бо чунин амалҳои номатлуб ду даҳсола пеш боиси шурўъи ҷанги шаҳрвандї гардида Ватанро ба ҷои обод кардан ба вайрона табдил доданд ва боиси марги ҳазорон ҳазор мардуми бегуноҳ шуда буданд.
Ба ин ҳизби террористӣ, ки боиси ҷанги шаҳрвандии кишвар ва кушта шудани ҳазорон ҳазор ҳамватанон гардид, аслан ҳеҷ касе бовар надорад. Ин ҳизб на фақат бар хилофи манофеи миллии мо ва бар зарари мардуми Тоҷикистон амал мекунад, балки он ҳамзамон дар сатҳи минтақа низ бо шабакаҳои маъруфи террористии бунёдгаро ҳамкорӣ карда, боиси идома ёфтани даҳшатпарокании ҷангҷӯёни ба ном Давлати Исломӣ мегардад. Мутобиқи омори расмӣ аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз гумроҳӣ ба сафи ҷангҷӯёни ба ном Давлати Исломӣ пайвастаанд, аслан ё аъзои ТТЭ ҲНИ мебошанд ва ё зери таъсири он мондаанд. Воқеаи даҳшатборе, ки дар таърихи 29-уми июли соли равон дар минтақаи Себистони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо сайёҳони хориҷӣ рӯй дод, далели ин гуфтаҳост. Дар ин қазия гурӯҳи террористие иборат аз панҷ нафар тавассути нақлиёти сабукрави шахсӣ ба чандин ҷаҳонгарди хориҷӣ садама зада, сипас бо истифода аз корду табар чор нафари онҳоро куштанд ва ду нафари дигарро захмӣ карданд.
Бо вуҷуди он ки дар зоҳир масъулияти ин ҳамлаҳо ба сайёҳони хориҷиро ба ном "Давлати исломӣ" ба ӯҳда гирифта буд, аммо дар иртибот ба иттилоот ва эътирофи Ҳусейн Абдусамадов баъдан маълум гардид, ки тарроҳи ин нақшаи фоҷиабору хунин ТТЭ ҲНИ будааст. Масъулони ТТЭ ҲНИ бо даст доштан дар ин қазияи хунини ноҷавонмардона ва ифротгароёна, ки ба хотири паст кардани имиҷи кишвари худ ва коҳиш додани эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом доданд, дигарбора ба тамоми мардуми Тоҷикистон ва ҷаҳон нишон доданд, ки аслан барои онҳо ҳеҷ арзише ва муқаддасоте вуҷуд надорад, на арзишу муқаддасоти миллӣ, на арзишу муқаддасоти умумибашарӣ ва на ҳатто арзишу муқаддасоти динӣ. Ин ҳақиқат, яъне номутобиқатии аъмоли ифротгароёнаву тундравонаи намояндагони ТТЭ ҲНИ ба меъёрҳои ахлоқи инсониву исломӣ аз ҷумла барои худи муддаиёни наҳзатӣ ва хоҷагони хориҷиашон низ аён аст. Аммо барои ин муддаиён ҳақиқат муҳим нест, зеро онҳо аслан на дар паи ҳақиқат, балки дар паи манфиат мебошанд. Зеро онҳо худ абзори сиёсии дигаронанд ва дину мазҳаби худро низ сиёсӣ кардаанду ба абзори сиёсии дигарон табдил додаанд.
ТТЭ ҲНИ ва созмонҳою ашхоси ҳаммаслаки онҳо аз қабили чунин гурӯҳҳои тундраве мебошанд, ки омилҳои ташаннуҷро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Нақшаи баргузории ин ҳамоиш ва корҳои тадорукотии он, аз ҷумла пардохти хароҷоти равуои иштирокдорон, ки аз кишварҳои мухталиф канори ҳам меоянд, бозтоби пасманзараи буғранҷест, ки даст доштани сарпарастони манфиатҷӯи ТТЭ ҲНИ-ро ошкор мекунад.
ТТЭ ҲНИ ва алалхусус роҳбари фирории он Муҳиддин Кабирӣ бо баргузории ин ҳамоиш талош дорад, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ вазъи ҳуқуқи башарро дар Тоҷикистон номатлуб нишон диҳанд. Муътаризон дар ин ҳамоиш мехоҳанд, ки чунин саҳнаеро ба намоиш гузоранд, ки гӯё дар Тоҷикистон барои дидгоҳи сиёсии нисбат ба Ҳукумат мутафовит доштан шаҳрвандонро маҳкум ва ҳатто зиндонӣ мекунанд. Аммо пуч будани ин масъалагузорӣ, яъне масъалаи зиндониёни сиёсӣ барои ҳамагон маълум аст. Барои ҷомеаи ҷаҳонӣ низ маълум аст, ки дар Тоҷикистон касеро барои дигарандешиву плюрализм ва дидгоҳи сиёсии мутафовит доштан маҳкум ва зиндонӣ намекунанд.
Роҳбарони ТТЭ ҲНИ аъзои маҳкумшуда ва зиндонии худро “зиндониёни сиёсӣ” унвон медиҳад. Аммо ашхоси маҳкумшудаи мазкур на барои дигарандешиву дидгоҳи сиёсиашон, балки ба хотири даст доштанашон дар ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла терроризм, одамкушӣ, зӯроварӣ, нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ ва дигар ҷиноятҳои вазнин маҳкум ва зиндонӣ шудаанд. Ин масъала барои ниҳодҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи башар низ маълум аст. Аз ин рӯ, ин ҳамоиши ТТЭ ҲНИ низ чун ҳамоишҳои қаблии он бемаъною хандаовар доир шуд. Ин ҳамоиши ТТЭ ҲНИ ва масъалагузории он чун бори каҷе аст, ки ҳаргиз ба манзил нахоҳад расид.
Хусрави Шерзод
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд будани мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои нотакрори табиию фароғатӣ, барои эҳё намудан ва рушди минбаъдаи туризм ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат шароити мусоид фароҳам меоварад. Туризм бо қудрату тавоноии хусусии худ, барои мустаҳкамии муносибатҳои гуногунтарафаи байни давлатҳо ва халқиятҳо ҳиссаи беандоза дорад.
Ҳанўз аз замонҳои аввали пайдоиши худ туризм ҳамчун намуди сайёҳат ва истироҳат, шиносои бо бойгариҳои маънавию маъдании давлатҳо мебошад. Дар замони муосир туризм нафақат барои тарақиёти иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат таъсири калон мерасонад, балки сарчашмаҳои якдигарфаҳмӣ, наздикшавӣ ва мустаҳкамшавии муносибатҳои навсозӣ дар иқтисодиёти бисёр давлатҳо ҷойи муҳимро ишғол менамояд.
Имрўз ҳам, туризмро ҳамчун яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат баррасӣ намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳо андешида истодааст, ки ба рушди туризм дар ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам меоварад. Чуноне, ки Пешвои миллат дар Паёми солона худ қайд намуданд: «Сайёҳи яке аз соҳаҳои муҳимми бо шуғл фаро гирифтани аҳоли қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррифкунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад».
Барои рушди ин соҳа дар кишвар ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, илова бар ин, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ тадбиқ гардидааст. Барои омаду рафти сайёҳони хориҷӣ ва беҳтар намудани ҳолати инфрасохтори мавҷудаи туристӣ ва санаторию курортӣ, ҷалби сармоягузориҳо нигаронида шудаанд.
Зиёдшавии сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат пеш аз ҳама бо шароит муҳайё кардани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ, татбиқи бомуваффақияти ислоҳоти иқтисодӣ, баргузории чорабиниҳои азими байналмилалӣ имконпазир гардид.
Инчунин, барои васеъ намудани муносибатҳои байналмилалӣ ва рушди туризм дар қаламрави Тоҷикистон, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, барои омаду рафти шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди аврупо, ИМА, Япония, Малайзия, Сингапур, Ветнам ва ғайраҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Орзуҷон Мирзоев
узви фаъоли ҲХДТ дар
ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Сатр чист? Сатр ин либоси занон ки дар сару гардани худ бар гуё асоси талаботҳои қонунии дини мубини Ислом мепӯшида мебошад. Сатрро дар давлатҳои мусалмонӣ аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркия ва дигар љо хело ва хело ба чашм мерасад.
Асосан сатр дар Тоҷикистон то солҳои 2000-ум чандон ба назар намерасид. Сатркунӣ барои духтарони тоҷик баъди маъруф ё худ ба забони русӣ модда (популярность) шудани либосҳои мексикоӣ ва туркӣ сабаб шуд. Як катор занҳои тоҷик аз Туркия омада ба либосҳои туркӣ дар Душанбеву Хуҷанд ва дигар шаҳрҳо худро оро медоданд, ки дар муддати кутоҳтарин ин кор ба эътироф ва хаваси дигар духтарони тоҷик гашт. Аз ин сабаб шумораи шахсони бо сатр мегашта дар Душанбе хело зиёд шуд ва хусусан солхои охир. Ва ин боиси руй овардани занону ҷавондухтарон ба фарҳанги бегона гашт.
Чаро мо наметавонем занҳои турк ё дигар миллатҳоро ба либоси миллии худ ҷалб созем, Чаро мо пайравӣ мекунему дигарон ба либоси миллии мо не? Чаро мо маданияту фарҳанг, шарму ҳаёи тоҷиконаро барои занҳои миллатҳои гуногун идеал намесозем? Оё дар гузашта мо доштем ин гуна сатру ҳиҷобро? На ҳаргиз!
Дар гузашгта модарони мо бо руймолҳои зебои худ ҳамчун рамзи шарму ҳаёи занона бо даст ва як эҳтироми махсус пеши бари худро мепушониданд ва ё ҳангоми салом бо шахсони номаҳрам аз остинҳои дарозу васеи куртаи худ истифода мебурданд.
Пӯшидани либоси миллӣ андоми занҳоро он қадар зебою ҷаззоб нишон медод, ки ба хос мардуми тоҷик буд. Вале афсус, ки бо мурури замон занони тоҷик аз пушидани либоси миллӣ ба либосҳои бегона руй оварданд. Махсусан баъди тамошои сериалҳои мексикоӣ, туркӣ, эронӣ пардохтанд ба пӯшидани сатру ҳиҷоб ва либосҳои сиёҳ. Пас саволе ба миён меояд, ки чаро мо либоси миллӣ худ атласу адрасу чаканро ба дигар миллатҳо талқину худнамоӣ накарда ба бегонапардозӣ шурӯъ намудем. Оё то ин замон мо мусалмон набудем, Тиловати Қуръон намекардем?
Ё ба пӯшидани либоси сиёҳу сатрҳои қиматбаҳо худро мусалмон тарошем? Оё барои зани тоҷик пӯшидани шими тангу сатру ҳиҷоб ҷоиз аст?
Ҳатто солҳои охир чунин ба назар мерасид, ки ҳангоми туйи рафтани хостгорҳо ё оиладоршавӣ ҳатман шарти аввалини домод ба бар кардани сатр аз ҷониби арӯсшаванда буд. Агар сатр пушад ба занӣ мегирам агар набошад не. Чаро шарти он, ки арус бояд боиффат боиззат, соҳибэҳтиром, дӯзанда, пазанда ё маълумоти олӣ дошта бошад, то ки дар оянда акалан фарзандони худро тадрис диҳадро ба миён намегузоранд? Оё бо сатр пӯшидан оилаи нағз барпо мешавад? Ё арусон ҳунарманд мешаванд?
Дар замони пеш агар арӯс то як сӯзании ҳаштметраю даҳметра, 20 болишти гулдор, 2 дона болишти дарозак, пешдиванӣ ва ашёҳои арусиро бо дасди худ омода намесохт ба шавҳар намедодан. Мақсад аз чӣ буд?
Аз он, ки ҷавондухтар ба ҳаёти оиладорӣ бояд тайёр шавад. Имрӯз бо пӯшидани шиму тангу сатри сиёҳ худнамоӣ мекунему бо пӯшидани либоси бегона даъвою иддати мусалмонӣ?
Оё дар гузашта модарони мо, ки то имрӯз куртаҳои тоҷиконаи худро ба бар мекунанд намунаи дарси ибрати худ насозем? Чаро талқин ба либоси миллӣ худ намекунем? Чаро чун арусони пешин ба духтани тоқию ҷома, шерозу сӯзанӣ рӯй намеорем. Оё магар дар ягон расму русуми мо пӯшидани куртаи дарози бешим, либоси сиёҳ ва сатру ҳиҷоб буд?
На ҳаргиз! Хатои маҳз мекунем. Занҳо бояд вобаста ба шароити хона, кор, туй, маърака тарзи пӯшидани либосро донанд. Дар ягон давру замон на дар хона на дар кор рӯсариву ҳиҷоб набуд. Агар мо куртаи миллӣ тоҷиконаи худро як тарзи бастани зебои рӯймолро дошта бошем ҳеҷ қонуне онро манъ намекунад. Чаро мо руй ба фарҳанги миллии худ наоварда бегонапарастию зоҳирпарастӣ мекунем? Ва ин дастак мешавад ба душмаонин миллати мо, ки ба ҳангомаҷӯйӣ омодаанд. Даррав аз паша фил месозанду мақомотҳоро гунаҳкор. Ҳол он, ки тамоми миллату маҳалро аз руйи фарҳангу маданияту либоси миллиаш мешиносанд дар ҷаҳон. На аз сиёҳпӯъшиву ҳиҷоби гаронмояву либосу сатри ноошно барои миллати тоҷик.
Ё омӯзгор аз зани хонашину шогирдаш фарқ дошта бошад чи ҷойи айбе? Дар замони гузашта њам барои духтарон (мактаббачаҳо) аз матои зарди якранг куртаҳои оддии тоҷикона медухтанд, ки аз мардуми дар куча буда фарқияте дошта бошад.
Солҳои охир бисёр маданияти либоспӯшии занон ниҳоят коста гардида буд. Ростӣ бо як либос ҳам ба туйу маърака ба дарсу кор мерафтанд. Имрӯз хушбахтона ин масъала роҳи ҳалли худро ёфт.
Боиси ифтихор аст, ки бо ибтикори Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ Пешвои Муаззами миллат шукр, ки устодро аз донишҷӯй ва хонандаро аз омӯзгор фарқ карда метавонему ва имрӯз либоси миллии худро бо эскизҳои замонавӣ ба бар мекунем. Ва Шукронаи онро бояд кард, ки Миллати тоҷикро дар ҷаҳон бо чакану атласу адрасаш мешиносанд на бо сатру ҳиҷобаш!
Котиби Шурои Олимон Маҳсудинова Р.Ғ.
Темур Варақӣ, бегонае ки худро халқи таҳҷоӣ ва патриот вонамуд кардааст (Аз силсилаи «Инҳоро бояд шинохт»)
Written by CомонаМиллати тоҷик аз темуру темуҷинҳо азоби зиёд дидааст. Яке калламанора месохт ва хумор мешикаст, дигарӣ мардумро қатлу ғорат мекард ва шаҳрҳоро валангор. «Қаҳрамон»-и ин лавҳаи насрӣ Темур ном дорад. Темур Қличев. Темур Варақӣ. Темур Варқӣ. Чун номаш ба башари беҳаёяаш созгор аст, худро ҳомии тоҷик вонамуд карда, дар Фаронса, ба номи «ҳуқуқи башар» пора меситоянд.