Чоршанбе, 17 Феврал 2021 10:50

Факултети МИБ, ҳуқуқ ва гумрук

Written by

Факултети МИБ, ҳуқуқ ва гумрук соли 1994 таъсис ёфта, то имрӯз дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар самти иқтисодиёти ҷаҳон, ташкили робитаҳои байналмилалӣ, технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисод, таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ саҳми арзанда гузошта истодааст.

Факултет дорои заминаи пурқуввати моддӣ-техникӣ ва ҳайати арзандаи илмӣ-омӯзгорӣ мебошад. Дар раванди таълим омӯзгорон ва донишҷӯён аз синфхонаҳои замонавии компютерӣ ва лингафонӣ самаранок истифода мебаранд, ки барои дар сатҳи баланд азхуд намудани технологияи иттилотию коммуникатсионӣ ва баланд бардоштани дараҷаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Боиси ифтихор аст, ки факултет яке аз нахустин сохтори макотиби олии ҷумҳурӣ мебошад, ки аз соли 2005 ба татбиқи низоми кредитии таҳсил оғоз намуд.

Соли 2012 бо пешниҳоди раёсати донишгоҳ ихтисоси 250103 – иқтисодиёти ҷаҳонии факултет аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, нахустин шуда дар ҷумҳурӣ соҳиби шаҳодатномаи байналмилалӣ гардид.

Дар факултет аз соли 2009 гурӯҳҳои махсус ташкил гардидаанд, ки раванди таълим дар онҳо пурра бо забони англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар факултет маҳфилҳои илмии “Иқтисоддони ҷавон” ва “Дипломатҳои ҷавон” амал менамоянд. Донишҷӯён дар маҳфилҳои илмӣ, конфронсҳои донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок мекунанд.

Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯёни факултет дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ иштирок намуда, борҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Донишҷӯёни факултет, инчунин, дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ фаъолона ширкат намуда, саҳми арзандаи худро дар корҳои созандагӣ ва ободонию хуррамгардонии ҳудуди донишгоҳ гузошта истодаанд.

Дар факултет кафедраҳои зерин амал менамоянд:

– забонҳо.

– иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ;

– забони англисӣ ва робитаҳои байнифарҳангӣ;

– назарияи иқтисодӣ;

- Ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ

- Фаъолияти гумрукӣ

Дар факултет мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои зерин омода карда мешаванд:

– 250103 – иқтисодиёти ҷаҳон;

– 230101 – ташкили робитаҳои байналмилалӣ;

– 23010205 – таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ;

– 25010731 – иқтисодиёти бизнеси электронӣ;

Мавриди зикр аст, ки дар факултет имкониятҳои воқеӣ дар доираи табодули кӯтоҳмуддат ва ё дар давоми як сместр басо зиёд аст. Дар давоми се соли охир беш аз 72 нафар донишҷӯи факултет дар доираи шартномаҳои ҳамкорӣ ва лоиҳаҳои гуногун ба донишгоҳҳои мамлакатҳои хориҷӣ фиристода шудаанд.

Дар факултет ҳамчунин донишҷӯён аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар кишварҳо бомуваффақият таҳсил доранд.

Дар айни ҳол хатмкардагони факултет дар мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои Иттифоқи Тоҷикматлубот, донишгоҳҳо, бонкҳо, корхонаҳои савдо ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ бомуваффақият кор ва фаъолият менамоянд.

Дар байни донишгоҳ ва вазорату муассисаҳои гуногуни кишвар шартномаҳои ҳамкорӣ баста шудааст ва дар ин асос донишҷӯён барои гузаштани таҷрибаомӯзӣ ва минбаъд таъмин шудан ба кори доимӣ имконияти васеъ доранд.

Аз моҳи январи соли 2022 номзади илми иқтисодӣ Фитрат Рустамов декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ таъйин гардид.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top