Кафедраи фаъолияти гумрукӣ

Кафедраи фаъолияти гумрукӣ яке аз кафедраҳои тахассусии донишгоҳ ба ҳисоб рафта, соли 1997 ташкил карда шудааст.

 Кафедраи фаъолияти гумрукӣ мутахассисонро аз рӯи се ихтисос барои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ омода менамояд.

– 1-96010101 – таъмини ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ;

– 1-250109 – молшиносӣ ва муоинаи мол;

– 1-91010101 – технологияи маҳсулот ва ташкили хӯроки умумӣ.

Хатмкунандагони ихтисосҳои зикршуда дар сохторҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла Хадамоти гумрук, Кумитаи андоз, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилоту муассисаҳои шакли моликияташон гуногун ба ҳайси мутахассиси соҳаи гумрук, молшинос-эксперт, муҳандис - технолог, молшинос, технолог фаъолият менамоянд.

Роҳбарияти кафедра бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мудирияти минтақавии гумруки шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода, Маркази ташхиси Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи гумрукии Федератсияи Россия ва Донишгоҳи ҳамлу нақли шаҳри Москва  ҳамкориҳои судманд дорад. Ҳамаи омӯзгорони кафедра ба кори илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-методӣ машғул буда, масъалаҳои муҳимми соҳаи гумруку таъмини бехатариро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Омўзгорони кафедраи  доир ба мавзӯъҳои зерин тадқиқоти худро анҷом дода истодаанд:

– самтҳои самаранок истифода бурдани потенсиали иқтисодии хизматрасонии гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-такмили ташкили назорат ва экспертизаи гумрукӣ дар Тоҷикистон;

– масоили баланд бардоштани амнияти иқтисодӣ ва маҳсулоти хӯрока дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Натиҷаи тадқиқотҳои омӯзгорони кафедра барои истифодабарӣ ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии Тоҷикстандарт  пешниҳод карда мешаванд. Инчунин аз рӯи натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ омӯзгорони доимӣ ва ҳамкорони кафедра ҳар сол дар конференсияҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ бо маърӯзаҳо баромад мекунанд.

Омӯзгорони кафедра баҳри баланд бардоштани сифати таълим ва дар сатҳи олӣ омода кардани мутахассисону бакалаврҳо ва магистрҳо кӯшиши зиёде ба харҷ медиҳанд. Бо ин мақсад омӯзгорони кафедра китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ ва дастуру нишондодҳои методиро аз фанҳои таълимии кафедра ба нашр расонида, дастраси донишҷӯён мегардонанд.

Дар кафедра кабинетҳои методии ташкили назорати гумрукӣ, иқтисодиёт ва идораи гумрукӣ фаъолият менамоянд. Дарсҳои амалӣ дар сохторҳои Мудирияти минтақавии гумруки шаҳри Душанбе, Институти бозомўзии кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон гузаронида шуда, таҷрибаомўзии истеҳсолӣ дар ҷузъу томҳои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон ташкил ва гузаронида  мешавад.

Дар назди кафедра маҳфилҳои «Иқтисодиёт», “Ташкили назорати гумрукӣ” ва «Декларанти ҷавон»,  амал менамоянд, ки дар онҳо омӯзгорону донишҷӯёни кафедра иштирок намуда, ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул мебошанд.

Дар асоси нақшаҳои чорабинии илмии кафедра ҳамасола конфренсияҳои илмию амалӣ дар мавзӯъҳои “Нақши гумрук дар рушди муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои дур ва наздик”, “Амнияти озуқаворӣ ва рушди босуботи фаъолияти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронида мешавад.

Фаъолияти илмии кафедра мувофиқи нақша дар самти роҳҳои беҳдошти хизматрасонии гумрукӣ ва мукаммалгардонии потенсиали иқтисодии мақомоти гумрук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳдошт ва ташкили озмоишгоҳҳои гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми онҳо дар бехатарии бозори истеъмолии кишвар равона карда шудааст.

Ҳамин тариқ, омӯзгорони кафедраи  фаъолияти гумрукӣ дар баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯи стандартҳои давлатии соҳаҳои муҳими иқтисодӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Аз моҳи апрели соли 2021 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Саъбат Ҳикматов ба ҳайси мудири кафедра фаъолият менамояд.

  1. Ҳайати омӯзгорони кафедра
  1. Ҳикматов Саъбат Исматович, мудири кафедра, н.и.и., дотсент
  2. Раҷабов Раҷаб Кучакович, д.и.и., профессор
  3. Нидоев Нозимҷон Фозилович, д.и.и., профессор
  4. Буризода Лоиқшоҳ, н.и.и., дотсент
  5. Раҷабова Нурҳаёт Раҷабовна, н.и.и., дотсент
  6. Ғаюрова Раъно Саидмуродовна, муаллими калон
  7. Назарбекова Нурия  Амзалиевна, муаллими калон

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top