Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа ҳамчун воҳиди сохтории Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо қарори Шӯрои олимон аз 27.10.2022, таҳти №3 таъсис дода шудааст. Фаъолияти шуъба дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», оинномаи донишгоҳ, низомномаи шуъба ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда шудааст.

Мақсади шуъба аз коркарди стратегия, банақшагирӣ ва амалигардонии фаъолияти иттилоотӣ ва робита бо ҷомеа тибқи васоити ахбори омма бо мақсади ташаккул додани симо (имиҷ) ва афкори ҷамъиятии мусбат оид ба фаъолияти донишгоҳ дар ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар иборат мебошад.

Вазифаҳои асосии шуъба аз инҳо иборат мебошанд:

  • Тарғибу ташвиқ намудани сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи Тоҷикматлубот, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
    • Амалисозии сиёсати ягонаи иттилоотии донишгоҳ, ки ба ташаккули симо (имиҷ) ва афкори ҷамъиятии мусбат оид ба фаъолияти донишгоҳ дар ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар мусоидат менамояд;
    • Коркарди стратегияи сиёсати иттилоотии дохилию берунии донишгоҳ ва назорати иҷроиши онҳо;
    • Ҷамъоварӣ, коркард, таҳлил ва паҳн кардани иттилооте, ки ба фаъолияти донишгоҳ ва пазируфтани он аз тарафи афкори умум дахл дорад;
    • Ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои донишгоҳ оид ба масъалаҳои сиёсати ягонаи иттилоотӣ, робита бо ҷомеа ва фарҳанги корпоративӣ (корҳои имиҷӣ, фаъолияти таблиғотӣ, намоишгоҳӣ, интернет, нашриётӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ - оммавӣ);
    • Ташкили ҳамкории донишгоҳ бо воситаҳои ахбори омма (ВАО), мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва тиҷоратӣ оид ба масъалаҳои иттилоотонии гурӯҳҳои мақсаднок оид ба самтҳои фаъолияти донишгоҳ;
    • Ташкили мониторинги маводе, ки дар ВАО оид ба фаъолияти донишгоҳ , таҳлили симо ва обрӯи он дар ҷомеа нашр мешаванд
    • Таҳлили рақобатпазирии хизматрасониҳои таҳсилотии донишгоҳ, муқоисаи сифат ва нархи онҳо бо нишондиҳандаҳои мувофиқи муассисаҳои таҳсилотии рақобаткунанда;
    • Дар асоси омӯхтани вазъ ва ғунҷоиши бозор пешгӯӣ намудани тақозои аҳолӣ ба хизматрасониҳои таҳсилотии донишгоҳ;
    • Таҳияи стратегияи таблиғотӣ оид ба ҳар як ихтисос ва нақшаи гузаронидаи чорабиниҳои таблиғотӣ;
    • Таҳия, сохтан ва паҳн намудани маводи иттилоотӣ-таблиғотӣ (плакат, проспект, каталог, буклет, варақа, постер, баннер ва ғайраҳо) ва маҳсулоти армуғонии донишгоҳ ва сохторҳои он;
    • Дастгирии иттилоотии сиёсати роҳнамоии касбӣ (профориентатсионӣ)-и донишгоҳ;
    • Таъмини робитаи дуҷонибаи босамари раёсати донишгоҳ бо сохторҳои давлатӣ, муассисаҳо, васоити ахбори омма ва ташкилотҳо;
    • Барқарор кардани робитаҳои иттилоотии муносиб байни сохторҳои ДДТТ ва ташаккули фазои мусоиди иҷтимоӣ - равонӣ дар дохили донишгоҳ;
    • Гузаронидани пажуҳишҳо доир ба пазируфтани донишгоҳ аз ҷониби ҷомеа ва гузаронидани таҳлили ВАО-и минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ бо мақсади такмили барномаҳои мавҷуда;

Аз 1-уми ноябри соли 2022 роҳбарии шуъбаро номзади илмҳои иқтисодӣ Муҳитдин Ҳамитов ба уҳда дорад.

Дар шуъба мутахассисони зерин фаъолият мекунанд:

  • Беҳрӯз Валиев, мутахассис;
  • Райҳона Исмоилова, мутахассис.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top