Бақайдгирии довталабон барои шакли таҳсили фосилавӣ

Бинанда: 1129 | Санаи нашр: 20 Ноябр 2023

Бақайдгирии довталабон барои шакли таҳсили фосилавӣ ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми ноябр оғоз шуда, то 9-уми декабри соли 2023 идома мекунад
Шакли таҳсилоти фосилавӣ афзалиятҳои зеринро дорост:
имконияти таҳсил бе тарки истеҳсолот;
имконияти омӯзиш дар вақт ва ҷойи дилхоҳ;
сарфаи вақт ва хароҷот барои таҳсил;
озодӣ ва чандирии таълим;
ба даст овардани малакаи омӯзиши мустақилонаи илму дониш;
омӯзиши фанҳои таълимӣ ба таври инфиродӣ;
реҷаи мувофиқи таълим;
истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ-иртиботӣ;
дастрасии васеъ ба маводи таълимӣ-методии электронӣ;
дастрасии омӯзиш барои қишрҳои гуногуни аҳолӣ;
дастрасӣ ба захираҳои электронии китобхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ;
омӯзиш дар муҳити ором.
Довталабони муҳтарам! Барои гирифтани таҳсилоти фосилавии босифат ихтисосҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро интихоб намоед. Дар Донишгоҳ мутахассисони баландихтисос аз рӯи 15 ихтисоси зерин омода карда мешаванд:
Кластери 2
250107 - иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхона;
250108 - баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит;
260203 - маркетинг;
250111 - аудит ва ревизия;
260202 - менеҷмент;
250103 - иқтисодиёти ҷаҳонӣ;
250104 - молия ва қарз;
25010402 - кори бонкӣ;
25010403 - андоз ва андозбандӣ;
960101 - хадамоти гумрукӣ;
250109 - молшиносӣ ва муоинаи мол;
890101 - саёҳат ва меҳмондорӣ;
250112 - информатикаи иқтисодӣ;
Кластери 4
240103 - ҳуқуқи иқтисодӣ
24010205 - ҳуқуқи гумрукӣ

Донишгоҳи мо - ояндаи дурахшони шумо!

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top