Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Маркази мусоидати ҳуқуқӣ ба рушди соҳибкорӣ баргузории Мизи мудаввари коршиносиро бо иштироки байналмилалӣ дар мавзуи “Андозбандии объектҳои ғайриманқул: таҷрибаи миллӣ ва хориҷӣ” ба нақша гирифтанд.
Сана ва макони баргузории чорабинӣ: 5-уми декабри соли 2023, соати 9.00, дар бинои асосии донишгоҳ, ш.Душанбе, к.Деҳотӣ, ½.
Забони баргузории чорабинӣ- тоҷикӣ, русӣ, англисӣ
Мақсад аз баргузории чорабинӣ – ҷалби таваҷҷуҳи доираҳои илмию коршиносӣ ба масъалаҳои мубрами андозбандии моликияти ғайрманқул ва таҳияи пешниҳодҳои асоснок ҷиҳати такмили минбаъдаи он мебошад.
Ба Мизи мудаввар олимони соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳуқуқ, омӯзгорони муассисаҳои илмӣ ва таълимии таҳсилоти олии касбӣ, мутахассисони амалия, ки нисбати мавзӯъ таваҷҷуҳ доранд, даъват карда мешаванд.
Муфассал: