«31 марти соли ҷорӣ, айбдоршавандаи парвандаи ҷиноятии 27534 Шеров Манучеҳр Мисжитович, санаи таваллудаш 23.04.1986, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи М.Иҷубов, хонаи 51 дастгир гардид», — омадааст дар иттилоияи Раёсати ВКД дар ВМКБ.
Нисбат ба М. Шеров аз тарафи Прокуратураи ВМКБ 15 ноябри соли 2021 бо дастрасии моддаҳои 237, қисми 3, банди «а» ва 330, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, аз 9 декабри соли 2021 дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт.
Хотирнишон бояд кард, ки М. Шеров 14 ноябри соли 2021 дар якҷоягӣ бо аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Ҷамшед Шаъбонов ва дигарон дар пости маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ ба кормандони раёсати Вазорати корҳои дохила бо табар ҳуҷум карда, онҳоро захмдор намуда буд.
Қаблан ба айбдоршаванда М. Шеров аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ 4 маротиба барои ҳозир шудан ба Прокуратураи ВМКБ расман даъватнома дода шудааст, вале ӯ барқасдона аз ҳозир гардидан ва додани нишондод саркашӣ намудааст.
Нисбат ба дастгиршуда М. Шеров чорабиниҳои тафтишотӣ идома доранд.