“Таҳияи дастурамал оид ба гузаронидани таҳлилҳои миқдорӣ ва ҷорӣ намудани он дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон”
Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон
Оиди Лоиҳа
Мақсаду ҳадафи Лоиҳа
- баланд бардоштани сифати таълим, коркарди усулҳо ва барномаҳои муосир ҷиҳати дар амал татбиқ намудани маҳорати таҳлилии омӯзгорон ва хамткунандагони ДДТТ тариқи истифода бурдани барномаҳои STATA ва SPSS.
- омода намудани дастурамал барои истифодабарии STATA ба ду забон - англисӣ ва тоҷикӣ
- фароҳам овардани имконият ба омӯзгорон ва хамткунандагоне, ки хоҳиши гузарондани тахлилҳои миқдорӣ тариқи истифодаи барномаи STATA, SPSS ва дигар чунин барномаҳоро доранд.
- баргузор намудани курсҳои кӯтоҳмуддати интенсивӣ тариқи истифодабарии барномаҳои STATA ва SPSS
- ташкил намудани семинар ва миззи мудаввар бо иштироки намояндагони муаассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкорон аз донишгоҳҳои олии касбии хориҷи кишвар (маҷозӣ ва анъанавӣ).
- Баргузор намудани семинару конфронсҳои дохилӣ ва байналмилалӣ дар мавзӯи мубрамияти таҳлилҳои миқдории аналитикӣ ва империкӣ;
- омода ва чоп намудан мақолаҳои илмӣ-таҳлилӣ оид ба натиҷаи лоиҳаи татбиқшаванда бо забони тоҷикӣ дар маҷалаҳои Тоҷикистон ва ба забони русӣ ва англисӣ дар маҷалаҳои байналмилалие, ки дар Web of Science ва ё SCOPUS ба қайд гирифта шудаанд
Натиҷаҳои кӯтоҳмӯҳлати лоиҳа:
- гирифтани иҷозатнома ҷиҳати қабул шудани Дастурамал ҳамчун маводи таълимӣ дар ДДТТ;
- такмил додани малакаи таҳлилии омӯзгорони кафедраҳои тахасусии донишгоҳ ва тарзи дурусти истифодабарии Дастурамал барои корҳои илмии худ ва ҳамчун маводи таълимӣ.
Натиҷаҳои дарозмӯҳлати лоиҳа:
- таҳлилҳои миқдориро зиёд ва оммавӣ намудан;
- баланд бардоштани сифати мақолаҳои илми, ки ҷавобгу ба талаботи журналҳои муосири илмӣ-байналмилалӣ мебошанд;
- Ба роҳ мондани услубҳои тадқиқотӣ эмпирикӣ тариқи истифодаи барномаҳои STATA ва SPSS дар МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.