ҶАНБАҲОИ НАЗАРИЯВИИ РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

Дар шароити ташаккули муносибатҳои бозорӣ туризм яке аз соҳаҳои афзалиятнок, зудрушдкунанда, ҳатто унсури сеюми даромади миллии мамлакатҳо пазируфта шудааст. Дар баробари аҳамияти ниҳоят калони иқтисодӣ, рушди туризм имконият медиҳад, ки равандҳои тиҷоратӣ ташаккул ёфта, имкониятҳои ҷойдоштаи миллии мамлакатҳо дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ карда шавад.

Ба назари мо таъсири мусбии туризм ба рушди иқтисодиёти мамлакат, ташаккули соҳаи хизматрасониҳо, тақвият бахшидани иқтисодиёти хизматрасонӣ вобастагии қавӣ дорад. Ояндабинии самаранокии иқтисодию иҷтимомии соҳаи сайёҳӣ гувоҳӣ медиҳад, ки туризм бояд дар ҳамҷоягӣ бо дигар бахшҳои иқтисодӣ рушд намояд.

Аз таҳлили ҳолатии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои мутараққӣ бармеояд, ки дар ин мамлакатҳо туризм аз соҳаи сердаромадтарин ва шохаи сеюми даромади миллӣ ба шумор меравад. Таҳлили нишондиҳандаҳои худмашғулиятии аҳолӣ, сатҳу сифати зиндагонӣ дар ин кишварҳо шаҳодат медиҳад, ки даромади 90 дарсади аҳолӣ аз ҳисоби соҳаи сайёҳӣ мебошад .

Вобаста ба масоили рушди сайёҳӣ, аҳамияти иҷтимоию иқтисодии он корҳои зиёд ва арзишманди илмию амалӣ аз ҷониби олимони ватанӣ ва хориҷӣ анҷом дода шудааст. Новобаста аз ин ҳангоми таҳқиқи мавзӯъ ба хулосае омадем, ки дар рушди ояндаи соҳаи сайёҳӣ як қатор монеаҳо ҷой доранд, ки инҳо бештар ба такмили низоми идоракунии сифати хизматрасониҳо, таҷдиди инфрасохтори объектҳои сайёҳӣ рабт мегиранд.

Зимни омӯзиш муҳақиқ ба таҳқиқи категорияҳои иқтисодии ба таркиби мавзӯъ алоқаманд диққат дода қайд менамояд, ки сайёҳӣ унсури муҳимми рушди иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб рафта, ташаккули устувори он дар баробари таҷдиди инфрасохтори соҳа ба омӯзиши механизмҳои муосири ташаккулёбӣ, идоракунии сифати объектҳои сайёҳӣ, инчунин ба амалишавии консепсия ва стратегияи мушаххаси илмӣ такя менамояд.

Аз ҳамин нуқтаи назар таҳқиқи масъала нишон медиҳад, ки дар шароити имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанбаҳои назариявию методӣ ва такмили сифати хизматрасониҳои ширкатҳои сайёҳӣ, таҳқиқи ҳолати муосири соҳа, ба омӯзиши категорияҳои зерини иқтисодӣ: туризм, соҳаи хизматрасониҳо, идоракунии сифати объектҳои сайёҳӣ, нақш ва аҳамияти он дар низоми муносибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, баҳодиҳии объектҳои сайёҳӣ марбут мебошад.

Ба назари мо дар шароити имрӯза сайёҳӣ на танҳо амалеро мемонад, ки бо фароғат маҳдуд мешавад, балки фаъолиятеро бозгӯ менамояд, ки ба рушди васеи дигар соҳаҳо асос гузошта, батадриҷ сайёҳии истеҳсолиро ба вуҷуд меорад.

Аз нигоҳи илми иқтисодиёт сайёҳӣ низоми мураккаби иҷтимоӣ ва иқтисодиётро ифода менамояд, ки ба истеҳсолоти маҷмӯи бисёрсоҳавӣ ё худ сайёҳии саноатӣ майл намуда аз ҷузъҳои таркибии иқтисоди миллӣ мебошад. Аз ҳамин хотир сайёҳиро бо назардошти аҳамияти иҷтимою иқтисодӣ аз унсурҳои таркибии иқтисодиёт баҳо додан мумкин аст.

Ҳангоми таҳқиқ муқаррар гардид, ки то асри 19 ибораи туризм ба сифати категорияи мушаххаси илми иқтисодӣ мавриди омӯзиш қарор дода нашудааст. Ибораи «tour» дар забони маъмулии одӣ ҳаракати муваққатиеро ифода менамояд, ки шахс ва ё нафаре бо мақсади муайян ба ҷое сафар менамояд. Ин мафҳум бо гузашти вақт такмил ёфта дар забони шохаи васеи илмию оммавӣ ибораи «tourism» - ро ба худ касб намудааст.

Дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи туризм ба мафҳуми зерини туризм вохурдан мумкин аст. Туризм  «ин – шуғле, ки низоми ташкили усулҳои гузаронидани истироҳатро бо мақсадҳои солимгардонӣ, шиносоӣ, зиёрат (ба истиснои ҳаҷ), тиҷоратӣ, варзишӣ, касбию хизматӣ ва дигар мақсадҳо тавассути саёҳат (тур) ва будубоши муваққатии берун аз ҳудуди ҷои истиқомати доимӣ ба роҳ мемонад».

Дар адабиёти илмии ба мафҳуми туризм бахшидашуда бо ибораҳои туризми истеҳсолӣ ва саноатӣ низ вохӯрдан мумкин аст. Аз ин рӯ ба хулосае омадем, ки таърифи мазкур тамоми ҷанбаҳои туризмро дар бар намегирад. Зарур мешуморем, ки дар раванди такмили қонунгузорӣ дар бандҳои алоҳида ба мафҳуми туризми истеҳсолӣ ва саноатӣ низ диққат дода шавад.

Дар қонунгузории мазкур ба намудҳои зерини туризм шинос шудан мумкин аст:

- туризми дохилӣ - ташкилӣ саёҳат (тур) дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ доранд;

- туризми сайёр - ташкилӣ саёҳат (тур) ба дигар кишварҳо барои шахсоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доими доранд;

- туризми ташрифӣ - ташкилӣ саёҳат (тур) дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доими надоранд;

- туризми иҷтимоӣ – саёҳате (туре), ки аз ҳисоби маблағҳои аз тарафи давлат барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ ҷудогардида, пардохта мешавад;

- туризми худфаъолиятӣ – саёҳат (тур) бо истифодаи воситаҳои фаъоли ҳамлу нақл, ки саёҳон мустақилона ташкил мекунанд;

- туризми варзишию кӯҳгардӣ - намуди истироҳати фаъоле, ки ба ташкилӣ хатсайрҳои пиёдагард дар шароити кӯҳсор алоқаманд аст;

- кӯҳнавардӣ (алпинизм) - намуди ғайриодии туризм, ки бо баромадан ба қуллаҳои кӯҳӣ алоқаманд аст;

- турист – шаҳрванд, истифодабарандаи хизматрасонии туристӣ, ки аз ҷои истиқомати доимӣ ба кишвари (макони) дигари муваққатӣ ба мақсади солимгардонӣ, шиносоӣ, зиёрат (ба истиснои ҳаҷ), тиҷорат, варзиш ва дигар мақсадҳои вобаста ба саёҳат сафар мекунад;

- шикори байналмилалӣ - яке аз намудҳои фаъолияти туристӣ, ки бо тартиб ва шартҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби субъектони фаъолияти туристии дорои иҷозатномаи дахлдор ташкил карда мешавад;

-таъмини амнияти туристон - таъмини амнияти шахсии туристон, ҳимояи молу мулки онҳо, маҷмӯи тадбирҳо оид ба пешгирии истифодаи туризм бо мақсади муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва транзит ба давлатҳои сеюм, истисмори шаҳвонӣ, меҳнатӣ ва дигар намудҳои истисмори шаҳрвандон; [Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.13, №1058]

- хизматрасонии туристӣ – амалӣ гардидани фаъолияти танзимгари туристӣ ё агенти туристӣ аз рӯи салоҳдиди худ ва ё талаботи аниқи дархосткунанда, ки барои таъмин ва барқароркунии қувваи ҷисмонии турист, нигоҳдории фаъолияти ҳаёти мӯътадил, барқароркунии робитаҳои корӣ, инчунин қонеъ гардонидани талаботи маънавӣ ва зеҳнии ӯ равона шудааст. [Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 19.05.09 №530]; [Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 28.12.2012, №922], [10]

Рушди ҳаматарафаи туризм дар баробари барқарорсозии объектҳои туристӣ, таҳияи маҳсулоти туристӣ, коркарди меъёрҳои ҳуқуқии тақвиятбахшандаи соҳа ба такмили низоми идоракунии сифат алоқамандии қавӣ дорад. Вобаста ба ин мо ҳангоми иҷрокунии кори диссертатсионӣ идоракунии сифати корхонаҳои туристиро дар меҳвари таҳқиқоти мазкур қарор додем, ки барои такмили соҳа ниҳоят зарур ва таҳқиқи масъала бо назардошти хусусиятҳои муосири рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим ва ояндадор мебошад.Ба андешаи мо моҳияти иқтисодии сифат дар натиҷаи таҳаввулоти таърихии тағйири низомҳои истеҳсолӣ ба вуҷуд омада онро ба сифати омили асосии истеҳсолот, хизматрасонӣ баҳо додан мумкин аст. Бо такя ба моҳияти иқтисодиаш қайд намудан зарур аст, ки усули ташкили дурусти истеҳсолот маҳз бо ин васила «сифати маҳсулот» имконпазир мегардад. Дар ибтидои ташкили фаъолияти дилхоҳ шакли корхона сифатро воситаи амиқи «устуворӣ»-и хоҷагиҳои гуногуни дар низоми иқтисоди миллӣ фаъолияткунанда, аз ҷумла ширкатҳои туристӣ шуморидан зарур аст.Марҳилаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:Марҳиллаи аввал: Марҳилаи якум солҳои 1990-ро фаро гирифта, ҳолати пастарини рушди туризмро дар даврони истиқлол нишон додааст. Ин марҳила бо доман густурдани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ алоқаманд буда, ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ зиёда аз 7 млрд доллари ИМА зарар расонид ва Тоҷикистонро ба буҳрони вазнини сиёсӣ - иқтисодӣ дучор намуд. Ба ҳамаи ин камбудиҳо нигоҳ накарда, дар ин солҳо дигаргунии куллӣ ба амал омад ва як қатор санадҳои меъёрии дорои қувваи ҳуқуқидошта қабул гардид. Шумораи туристон кам гардида ва ташкилотҳои туристӣ фаъолияти худро қатъ намуданд, вале талабот боқӣ монд. Шурои Вазирони Тоҷикистон оид ба соҳаи сайёҳии хориҷӣ аз 01.03.1990 таҳти №38 «Оиди бозсозии ташкили иқтисоди сайёҳии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оиди ташкил намудани ассотсиатсияи сайёҳии Тоҷикистон», аз 4-уми феврали соли 1994, таҳти № 70, «Оиди тартиботи пешниҳод кардан ҳуқуқ ва суъбектҳои хоҷагӣ оиди шуғли сайёҳии хориҷӣ ва батартибоварии хуҷҷатҳои раводид», Қарори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-майи соли 1997, таҳти № 183, «Оиди додани иморате, ки дар кучаи Пушкин, хонаи 14 ба мувозина (баланси)-и компанияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди сайёҳӣ» ин ҳама дастовардҳо дар ин марҳила ба ҳисоб мераванд. Баъди соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ, оиди соҳаи сайёҳӣ як қатор санадҳо қабул гардиданд. Ба монанди Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оиди тасдиқ намудани чораҳои аввалиндараҷа оиди рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1997-1998», «Оиди сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ», «Оиди сайёҳӣ». Ҳамаи ин санадҳо баъзаи меъёрию ҳуқуқиро дар соҳаи сайёҳӣ ба вуҷуд оварданд.

Марҳиллаи дуюм: Дар давраи дуюм, ки аз соли 1998 то 2010 дар бар мегирад ба дастовардҳои бузурги сайёҳӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ноил гардид ва ин давраро «Давраи тиллоии туризми тоҷик » номидан афзалтар мебошад. Асос дар он аст, ки Тоҷикистони бо суханони Толиб Рифоҳӣ, Дабири кули Созмони Умумиҷаҳонии Туристӣ «Шветсарияи Осиёи Марказӣ» аъзои Созмони Байналмиллалии Туристӣ гардида шумораи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ба маротиб афзуд.

Бо мақсади ба ҷараёни ҷаҳонии туризми байналмилалӣ шомил намудани Тоҷикистон, аз соли 2008 масъулини соҳаи туризм дар намоишгоҳҳои калонтарини сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар шаҳрҳои Берлин (Олмон), Токио (Ҷопон), Лондон (Британияи Кабир) ва Маскави (Федератсияи Россия) баргузор мегарданд, иштирок ва муаррифӣ менамоянд. Дар натиҷа имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонии туристӣ ҳамчун кишвари дорои 4 пайраҳаи Шоҳроҳи абрешим эътироф гардидаст.

Дар ин давра бо мақсади тарғибу ташвиқи сиёсати Ҳукумати кишвар оид ба истифодаи самараноки захираҳои об аз соли 2009 дар доираи Барномаи «Об барои ҳаёт» ҳамасола экспедитсияи байналмилалӣ барои фатҳи қуллаҳои «Исмоили Сомонӣ» ва «Озодӣ» ташкил ва баргузор мегардад. Дар экспедитсия кӯҳнавардон аз давлатҳои мухталифи ҷаҳон, аз қабили Фаронса, Испания, Шветсия, Венгрия, Булғористон, Литва, Украина, Россия ва дигар кишварҳо фаъолона ширкат меварзанд.

Дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ, рушди соҳа бо ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ барои сайёҳони хориҷӣ, таъсис додани минтақаҳои сайёҳӣ ва муҳайё намудани инфрасохтори зарурӣ таъмин гардида истодааст. Ҳоло дар Тоҷикистон барои шаҳрвандони зиёда аз 78 кишвар низоми соддакардашудаи раводиди электронӣ ҷорӣ карда шудааст. Дар натиҷа, шумораи сайёҳон дар се соли охир мунтазам афзоиш ёфта, ду баробар (аз 207 то 414 ҳазор нафар) зиёд гардидааст.

Марҳилаи сеюм. Аз соли 2010 то кунун. Бо мақсади боз ҳам тақвият бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасони туристӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат соли 2017 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Ҳамчунин, Ҳукумати мамлакат якҷо бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади боз ҳам рушд додани соҳа ва истифодаи васеи имкониятҳои мавҷуда, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя, ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи сохтору мақомоти дахлдор ва омода намудани кадрҳои болаёқатро дар ин самт таъмин карда истодаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Миёна беҳтарин ва бештарин имкониятро барои рушди сайёҳӣ соҳиб гардида, мувофиқи рейтинги ҷаҳонии мамлакатҳо оид ба хулосаҳои сомонаву шабакаҳои ҷаҳонӣ, махсусан «ВВС» (Британияи Кабир соли 2012) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, сомонаи интернетии «Globe Spots» соли 2014 дар сархати даҳгонаи кишварҳои ҷолиб барои туристони саргузаштӣ, нашри русии маҷаллаи маъруфи «National Geographic» дар соли 2016 шоҳроҳи Помири Тоҷикистонро дар байни 10 роҳи зеботарини дунё, маҷаллаи ТОП - 100 дар соли 2015, 3 минтақаи Тоҷикистон ва дар соли 2016 куҳҳои Помири Тоҷикистон ва соли 2016 аз рӯи таҳлилҳои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии Созмони Миллати Муттаҳид дуюмин кишваре, ки туризмаш дар ҳоли рушд қарор дорад, ворид гардидааст.

Ҳамзамон, дар рӯйхати ҷаҳонии рақобатпазирӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (ФҶИ) дар соли 2017 муаррифӣ гардид, Тоҷикистон аз 136 ҷойи имконпазир мақоми 107-умро касб кард. Бино ба маълумоти Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 холи имконпазир 3,2 хол гирифта, дар давоми ду сол аз 119-ум ба 107-ум ҷой боло рафт. Беҳтарин нишондодро (5,7 хол) Тоҷикистон дар категорияҳои «амният», «тандурустӣ ва беҳдошт» ба даст овард.

Ҷолиби диққат аст, ки Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳое, ки дар давоми як сол ҷаҳиши беҳтарини сайёҳӣ нишон доданд, алоҳида қайд шудааст. Дар ин рӯйхат Тоҷикистон дар зинаи сеюм қарор гирифт. Дар ҷойи аввал Ҷопон ва дар ҷойи дуюм Озарбойҷон мебошанд.

Дар шароити муҳити рақобатнок яке аз имкониятҳои асосии рушди ширкатҳои туристӣ ба роҳ мондани низоми идоракунии самаранок ба ҳисоб рафта ба таҳқиқи илмии ҳадафманд такя менамояд.

 

                                                                                                             А. Мирзоалиев, А. Сафаров

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top