Шуъбаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ

Шуъбаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар замони муосир, ки давраи рушди босуръати илму техника ва технология мебошад, воҳиди сохтории муҳимми донишгоҳ ба шумор меравад.

Мутахассисони шуъба хангоми фаъолият аз рӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба техника ва технологияи нав амал намуда, корҳои таъмиру тармими таҷҳизоти иттилоотию коммуникатсионӣ, расонидани ёрии саривақтии техникӣ, нусхабардорӣ, муоинаи маводи компютерӣ ва хизматрасонии техникиро ба сомон мерасонанд.

Шуъба дар ҳар як воҳиди сохтории донишгоҳ истифодаи дурусти технологияи иттилоотию коммуникатсиониро пайваста назорат, санҷиш ва таҳлил намуда, дар ҳаллу фасли масъалаҳои пайдошуда сари вақт тадбирандешӣ менамояд ва дар амалӣ гардонидани сиёсати рушди технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар донишгоҳ саҳм мегузорад.

Шуъба фаъолияти худро дар асоси сиёсати маорифпарварона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунгузории соҳаи маориф, фармоишҳои ректори Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, ойинномаи донишгоҳ, низомномаи шуъба, дастурамалҳои вазифавӣ ва нақшаи чорабиниҳои солонаи шуъба амалӣ менамояд.

Дар шуъба вазифаҳои зерин иҷро карда мешаванд:

  • таъмини эътимоднокӣ дар истифодабарӣ ва кори техникаи компютерӣ;
  • назорати мақсадноки истифодабарии техникаи компютерӣ, дастгоҳҳои нусхабардорӣ, доскаҳои электронӣ ва лингафонӣ;
  • ташхис, таъмир ва тармим намудани техникаи компютерӣ, дастгоҳҳои нусхабардорӣ, доскаҳои электронӣ ва лингафонӣ;
  • таъмини техникии синфхонаҳои компютерӣ барои пайвасти устувор ба шабакаҳои ҷаҳонӣ (интернет, почтаи электронӣ);
  • назорати истифодаи мақсадноки шабакаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ дар синфхонаҳо ва дигар воҳидҳои сохторӣ;
  • дар мувофиқа бо бахши таъминотӣ харидорӣ намудани қисмҳои эҳтиётии техникаи компютерӣ;
  • сохтани лоиҳа ва татбиқи воситаҳои барномавӣ, нақшаҳои технологӣ ва равандҳои коркарди иттилоот дар асоси системаҳои худкоркарди пешқадам ва технологияҳои иттилоотӣ;
  • лоиҳакашӣ ва ҷорикунии васоити барномавии технологӣ ва ҷараёни коркарди иттилоот дар асоси системаҳои автоматикунонидашудаи ДДТТ ва технологияи иттилоотӣ.

Аз моҳи октябри соли 2017 вазифаи мудири шуъбаро Худоёр Сафаров ба уҳда дорад.

Дар шуъба мутахассисони зерин фаъолият менамоянд:

– Додихудо Содиқов, муҳандис – барномасоз;

– Файзалӣ Набиев, корманди техникӣ;

– Рустам Алиев, мутахассис оид ба матбаа.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top