Нақши технологияи иттилоотӣ дар ҷомеа

Баҳрагирӣ аз технологияи компютерӣ дар соҳаҳои мухталифи илмӣ ва амалӣ дар шароити имрӯз ба ҳайси як зарурати муҳим табадил ёфтааст. Барои омода намудани мутахассисони соҳаи дин аз технологияи замонавӣ аз ҷумла, аз компютер ҳамчун як василаи муҳим истифода карда мешавад. Ин аз он хотир аст, ки дониши динӣ низ мисли донишҳои дигар ба чунин таҳаввул ниёзманд аст.

Дар таълимоти исломӣ наметавон танҳо ба мавзуоти назариявии сирф такя кард, аз тарафи дигар муайян намудани намунаҳое аз тағйири ҳолат, сифат ва мавқеи ашё ва дигаргуниҳои муҳит, ки дар асари пешрафт ё таҳаввули илму санъат эҷод шудааст, ба ҷаҳонбинӣ, тавоноии дарки мавзӯъ ва матлаби мавриди назар барои як коршинос ва мутахассиси соҳаи дин таъсири мусбати худро мерасонад. Масалан барои муайян намудани як ҳукми фиқҳӣ, мушоҳида ва таҷрибаи лабораторӣ ки аз тариқи тасвирҳои компютерӣ имконпазир аст, дар пешрафти таҳсили донишҷӯён ва фаҳмиши динӣ онҳо бисёр муфид ва муҳим аст.

Донишу хирад, таҷрибаву тадқиқоти илм беҳтарин ганҷина барои инсон аст, бузургтарин аслиҳа, воситаи ҳосилнокии меҳнат, хушсифатию латифии неъматҳои офаридаи инсон, рушду камоли худи шахсанд. Бо фармудаи Шайх Саъдӣ:

Бани одам аз илм ёбад камол,
На аз ҳашмату ҷоҳу молу манол.

Маҳз ба туфайли дониш, хирад, саъю кушиш инсон душвортарин муаммоҳои ҳаёти иқтисодию маънавии ҷомеа, оила, шахсиро ҳал намуда, меҳнат, саломатӣ, зиндагии дигарон ва худро зебову хушбахтона менамояд.

Хазинаи беҳамтои донишу илм, устоду дӯсти беғараз китоб аст. Тавре ки Абдураҳмони Ҷомӣ фармудаанд:

Аниси кунxи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
Бувад бемузду миннат устоде,
Зи дониш бахшадат ҳар дам кушоде.
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.

Дар ҳама давру замонҳо одамон ба таълиму тарбия ниёз доштанду доранд. Хусусан падару модарони дилсӯзу ғамхори фарзандон ва аҳли ҷомеа хоҳон буданду хоҳонанд, ки худашон солиму бардам бошанд ва ҳамчунин ниҳоли боғи умрашон фарзандашон ҳамаҷиҳата солиму бардам ва соҳиби адабу илму маърифат, касбу ҳунари нафърасон бошад, ба халқу Ватан софдилона хизмат расонад. Бинобар ин дар ҳамаи давру замонҳо одамони равшанфикру бедордил ва инсонпарвару ватандӯст таълиму тарбияи фарзандонро вазифаи асосӣ ва муқаддас меҳисобиданду меҳисобанд. Дар ҳақиқат, инсони таълимгирифта ва тарбиядида мисли меваи офтобхӯрдаву ғизои зарурӣ бардошта ба дигарон ҳар чи беҳтару бештар манфиат расонида метавонад ва дар ин бобат бӯстонеро тасаввур ва муқоиса кардан мумкин аст, ки гулу гиёҳҳо ва ниҳолони яке хушку пажмурда ва аз они дигар сабзу хурраму шукуфону пурбор аст. Зиндагӣ ҳам ҳамин тавр мисли бӯстон ба назар мерасад. Одамони таълиму тарбиягирифта ҳаётро сабзу хуррам ва шукуфон мегардонанд, одамони бемаърифату беадаб тираву тор ва пажмурда. Бинобар ҳикмате дар байни мардум маълум аст, ки гуфтаанд:

Фарзанди хуби боадаб боғи падар, модар бувад,
Фарзанди шуми беадаб доғи падар, модар бувад.

Ба хубӣ ба маънии суханони боғу доғ сарфаҳм рафта, маҳз ҳамин ҷиҳатҳои ғизобахшӣ ва шифобахшии таълиму тарбияро ба инобат гирифта, бузургон дурдонаҳои сухан гуфтаанд.

«Тарбия ҳам ҳаёт, ҳам мамот ва ҳам наҷот аст» - фармуда мутафакирре.

Кор бо компютер ва дигар лавозимоти электронӣ дар фарогирии забони арабӣ махсусан муколамаи он, қироати дурусту бе ғалати оятҳои Қуръони карим, нишон додани намунаҳои амалии ҳолатҳои дигаргуншавии об, офтобгирифтагӣ, беморӣ инчунин истифода аз харитаҳо ва пардаҳои электронӣ барои нишон додани намунаи таърихии шаҳрҳо ва ашёи зиндагии мусулмонон ва қавмҳои пеш аз онҳо аз фанни таърихи ислом ва диншиносӣ ва ғайра, як зарурат ба ҳисоб меравад.

Яке аз воситаҳои асосии тарбиякунандаи инсон сухан аст ва дигаре китоб. Кореро, ки сухан ба иҷро расонида метавонад, дигар ягон воситае ба иҷро расонида наметавонад. Бинобар ин сиёсатмадор ва олими бузурги тоҷик академик Бобоҷон Ғафуров гуфтаанд, ки сухан ҳам мисли лашкари муктадир, яъне қудратманд аст ва метавонад қуллаҳои муроду мақсадҳоро фатҳ кунад ва ё оламу одамро вайрону валангор созад. Сухан хусусияти шифобахшӣ ҳам дорад. Бемореро бо сухани зишт рӯҳафтодаву беҳолу бемадор ва пажмурдаву рӯҳафтода кардан ҳам мумкину бо сухани хуш умедвор ба шифоёбӣ намудан ҳам. Китоб низ дар ҳама давру замонҳо воситаи асосии тарбия ва нерӯбахшандаи саломатии рӯҳиву ҷисмонии одам буду ҳаст. Китобҳо ҷавоҳироти тафаккури инсониро гирд оварда ба авлодҳо мерос мегузоранд. Китоб қувваи бузургест, зеро китоб дониш, дониш нерӯ ва нерӯ ғалаба меорад. Китобро ба чароғ ҳам ташбеҳ медиҳанд, ки бо нураш кӯчаву тангкӯчаҳои ториктарин ва дурдасттарини ҳаётро мунаввар мегардонад ва ба одамон роҳи дурусти зиндагиро нишон медиҳад. Дар ин таснифот муаллифон дар бобати маданияту маънавияти тоҷикон, нукоти пуртаъсири дини мубини ислом ва аҳкоми он сухан ронда, кулли хонандагон, аз ҷумла наврасону ҷавононро ба тозагиву тарзи ҳаёти солим ва созандагию бунёдкорӣ, ифтихор аз арзишҳои миллӣ ва ватандӯстӣ даъват мекунанд. Беҳтарин ҷавоҳироти тафаккури инсоният ва барҷастагиҳои ахлоқи ҳамидаи гузаштагон, бузургони дини мубини ислом бо сураву оёти китоби муқаддаси «Қуръон» ва ҳадисҳои ҳазрати Муҳаммад (с) дар ин рисола бобати таълиму тарбия ва саломатии рӯҳониву ҷисмонии одам гирд оварда шудааст. Агар ба талотуму ҷӯшу хурӯши зиндагӣ ва ба қавли Хайѐм ба ин олами пурфитнаву пуршӯр бо назари ибратбин бингарем, ба ҳар як фард арзишҳо, неъматҳои заруртарине лозим аст, ки инсони дорои ин арзишҳоро саодатманд мегардонад. Пеш аз ҳама барои инсон хотири ҷамъу тани сиҳат, одобу илм ва касбу ҳунар лозим аст.

Шахсе, ки соҳиби ҳамин чаҳор неъмат бошад, дар зиндагӣ ҳаргиз пешпо намехӯрад, дар намемонад ва каму ғамро дида, сархам намешавад. Ҳар як инсон ҳам маҳз ҳаминро мехоҳад, зеро талош барои ҳаѐти солим дар шароити ҷаҳони кунунӣ, ки алоқаҳои рӯзафзуни мамлакатҳо ва томгароии (куллишавӣ, ҷаҳонишавӣ, глобализатсия) ҷомеаи инсони яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи фарду ҷомеа ба шумор меравад. Чунки инсони бемор инсонвор зиндагӣ карда наметавонад. Инсони бемор шояд ҷомеаи солимро ҳам сироят намуда, бемор мегардонад. Мову Шумо, дар асри навини XXI ва ҳазорсолаи сеюм зиндагӣ карда истодаем. Дар замоне умр ба сар бурда истодаем, ки бо қудрати илму техника афсонаҳо тадриҷан ба ҳақиқат табдил ёфта, беш аз пеш мӯъҷизаҳои нав ба нав арзи ҳастӣ менамояд, аммо инсон дар назди ҳодисаҳои табиат, пайдоиш ва хурӯҷи бемориҳои гуногун, тоза ба тоза ҳамоно оҷизу нотавон аст ва боз ҳамон сухани Муҳаммад Иқбол ба ёд меояд:

Кушояд розу худ роз аст одам.
Оре, одам сирру асрор ва розҳои гуногуну зиёди одамони дигару асрори оламро кушода метавонад, аммо барои муолиҷаи як бемории ба тану рӯҳаш часпида, баъзан ноилоҷ ва оҷизу нотавон мемонад. Бинобар хонандаи олиқадр, бояд бидонед, ки чаҳор арзиш андак ва ночиз менамояд, аммо бузург ва пуртаъсир мебошад. Яке оташ аст аз ин неъматҳо. Аз шарора аланга бармехезад, бо як дона гӯгирд хирманеро оташ задан ва несту нобуд кардан мумкин аст. Якеи дигар душман аст. Гуфтаанд: «Душманат гар пашша бошад, камтар аз филаш мадор». Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ фармудаанд.

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бар орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Ба ибораҳои дарахти дӯстӣ ва ниҳоли душманӣ эътибор диҳед, яъне душманӣ дар вақти ниҳол буданаш решакан карда мешавад, то он ба дарахт табдил наёбад, агар ба дарахт табдил ёбад, решакан кардани он душвор хоҳад шуд. Ва аз ҳама арзиши олие, ки ба назар ноаён, яъне маъниесту на шакл дораду на рангу бӯй, илм аст.

Қуръони карим аз масъалаҳои мухталифи илмӣ сухан кардааст, мисли мавзӯи ҷаниншиносӣ, таҳаввул ва дигаргун шудани табиат монанди чахиши замин, чигунагии фарорасидани шабу рӯз, осмонҳову аҷроми он, баҳру бар ва ғайра ки дар шароити имрӯз наметавон бидуни огоҳӣ аз компютер ва дигар лавозимоти мисли он аз ин масоил баҳраи кофӣ бурд. Аз тарафи дигар пешрафтҳои илмӣ монанди рушди илми генетика дар чанд соли охир ва дигаргунӣ дар технологияи ҳамлу нақл мисли санъати ҳавопаймосозӣ ва мошинсозӣ ки фосилаи замонӣ ва макониро тақрибан бо дигаргуниҳои ҷиддӣ рубарӯ сохтааст, ҳама дар асари ворид шудани технологияи компютерӣ дар ин арса мебошад, ки бехабари ва истифода накардан аз он дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ моро бо душвориҳои зиёде мувоҷеҳ хоҳад кард. Зеро дигаргун шудани равиш ва василаҳои зиндагӣ дар аҳкоми шаръӣ таъсири худро мерасонад. Аз ин назар фаҳмиши дуруст аз замон ва ҳаракат барои ҷомеаи илмии мо як асл ва зарурати асосӣ ба ҳисоб омада, ҷойгоҳ ва мавқеи моро дар миёни кишварҳои дигар муайян месозад.

Илм воситаи тавонову муқтадирест, ки бо шарофати он инсоният аз асри сангин, аз давроне, ки одамон ҳамаи асбобу анҷомҳои рӯзгорашонро аз санг месохтанд, то даврони мушакҳои байнисайёравӣ ва компютеру интернету телефонҳои мавҷӣ ҳама бо шарофати илм ба ин дараҷа расид. Инсон танҳо як маротиба зиндагӣ мекунад ва қабл аз ҳама барои инсонвор умр ба сар бурдан одам бояд ҷисману рӯҳан солим бошад. Дар асл бошад, инсон метавонад солҳои тӯлонӣ сиҳату саломат умр гузаронад. Барои ин Худованд ҳама шароиту нозу неъматҳоро барои инсон муҳайё намудааст дар рӯйи замину зери замин, дар қаъри обу хок ва дар холигаҳи байни замину осмон, яъне дар фазо. Дар китоби муқаддаси «Қуръон» ва ҳадисҳои Муҳаммад (с), панду андарзҳои бузургони тоҷику форс ҷаҳон роҷеъ ба қадру қимати ҳаёт, қадру қимати инсон, саломатӣ, пешгирӣ ва муолиҷаи беморӣ суханони роҳнамое гуфта шудаанд. Дар натижаи омӯзиш ба хулосае омадем, ки китоби беҳтарин ва муассиртарин ин китоби «Қуръон» аст ва яке аз номҳои ин китоби азимушшаън «Китоби шифо» аст ва ояте ҳам барои бандагон нозил шудааст, ки маънои он чунин мебошад, яъне мо ин китобро барои шифои қалби мӯъмин нозил кардем. Яъне сухани Худованд дар вақти қироату шунавидан ба инсон шифо мешавад. Ҷиҳати дигари шифо будани ин китоби Нур фармудаҳои Худованд аст. Одами ба фармудаҳои Аллоь риоякунанда ҳаргиз ба маризӣ гирифтор нахоҳад шуд! Худованд се амалро намеписандидааст. Пургӯйӣ, пурхобӣ ва пурхӯриро. Ҳамин се хислати дар ҳақиқат, зараровар ба тану рӯҳи инсонро ҳар як кас бояд тарк созад. Аз хурдсоли ба кӯдакону наврасон ҳам тарки ин хислатҳоро ёд додан лозим аст. Аз овони тифлӣ тарбияи кӯдак оғоз меёбад ва барои тасдиқи ин фикр ривоятеро аз ҳаёти табиби бузурги тоҷику форс Абӯалӣ ибни Сино овардан мумкин аст: Рӯзе назди донишманд ва мутаффакир зане меояд дар бағал кӯдак. Шикоят мекунад, ки тифлаш инҷиқу сергиря аст. - Кӯдак чандмоҳа шуд? – мепурсад ҳаким. - Семоҳа. - Шумо ба тарбияи тифл се моҳ дер мондед. Мебоист кӯдакро аз рӯзи аввали таваллуд шуданаш тарбия мекардед ва аз пайи беҳдошти саломатиаш мешудед. Инсон аз рӯзи аввали ба дунё омаданаш бояд бо ғамхориҳо фаро гирифта шавад ва саломатиаш барқарор бошад.

Бинобар ин барои ба дунё овардан ва тарбия намудани насли солим аз ибтидо, яъне аз аҷдод оғоз намудан лозим аст. Пеш аз ьама маънии калимаи аждод гузаштагон аст ва аз решаи ҷад - яъне падар гирифта шудааст. Тоҷикон баъзан ба якдигар мегуянд: ҳафт пуштатро шинос. Ҳафт пушт чӣ маънӣ дорад? Ҳафт насли гузаштаи аҷдод. Яке аз мафҳумҳои «Худро бишинос» ҳам ҳамин аҷдоди худро шинохтан аст ва намешиносанду фарзандони худро тагпурсӣ накарда, оиладор менамоянд. Ҳам дини мубини ислом ва ҳам илми тиб ба оиладоршавии хешовандони наздик муқобил аст.
Шоир фармудааст:

Сабру илму ҳилм тарёки диланд,
Бухлу бухсу кина заҳри қотиланд.

Заҳри қотил ва тарёки дил… Заҳри қотил тани инсонро адову абгор ва хору зор мекунад, ба азобу уқубат гирифтор месозад ва оқибат ба ҳалокат мерасонад. Тарёки дил бошад, ба дардҳо шифо шуда, гарави тани сиҳат аст. Дар тани солим рӯҳи солим зиндагӣ мекунад, рӯҳи солим, тани солимро мепарварад ва китоби муқаддаси «Қуръон» - у аҳодиси ҳазрати Муьаммад (с) ба тану рӯҳи инсон шифо бахшида метавонанд, ки яке аз мақсадҳои таълифи рисолаи мазкур ҳам нишон додани ҳамин хусусиятҳои шифобахшии ин ду сарчашмаи асосии таълимоти ислом аст. Умуман ҳамаи чор китоби илоьӣ, ки аз тарафи Худованд нозил шудаанд - «Забур», «Таврот», «Инҷил» ва «Қуръон» пеш аз ҳама китобҳои шифобахшанд ва хусусан «Қуръон» - и азимушшаҳн, ки ба он ягон тағйирот ва иловае надаромадааст. Нахуст худи сухани ин китоби муқаддас ба инсони мариз шифо мебахшад. Худи каломи Аллоь шифо аст ва ин фикр дар таҷрибаи мутахассисони соҳаи тибб ба исбот расид, ки қироату шунидани сураҳову оёти китоби муқаддаси «Қуръон» ба омӯзондагон таълиму тарбия ва шифо мешавад.

Ҳамин тавр, такрор шавад ҳам боз мегуем, ки худи сухани Худованд шифои қалбҳост. Олимони соҳаи тибби давлати Германия дар натиҷаи тадқиқот ба хулоса омадаанд, ки ҳар касе достонҳои шоири Юнони қадим Гомер «Иллиада» ва «Одисея»-ро қироат кунад, агар бемории қалб дошта бошад, шифо хоҳад ёфт. Вақти хондани достонҳо нафасгирӣ мураттаб шуда, кори дил ҳам ба низом медаромадааст, яъне таппиши қалб бо нафаскашӣ робита доштааст, ки дар натиҷаи мутолиаи китоб ҳам одам тарбия ёфтанаш мумкин. Ин усули муолиҷакуниро библиотерапия мегуянд ва хондани матни шавқовару пурмазмуну диққатҷалбкунандаву таъсирбахш яке аз роҳҳои паст кардани стресс (изтиробу ҳаяҷон) будааст, дар ҳақиқат, вақти мутолиаи китоби шавқовару ҳаяҷонбахш ва диққатҷалбкунандаву пуртаъсир хонанда ба даруни воқеаву ҳодисоти китоб ворид шуда, одаму оламро лаҳзаҳо фаромӯш месозад, дарду ғаму аламҳояшро аз ёд муваққатан бошад ҳам мебарорад. Ҳамчунин иродаву матонати қаҳрамонони асар ба хонанда таъсир расонида, аз нақшҳои мусбат ибрат мегирад.

Баъзе мавридҳо аҳли илм дини мубини исломро, сарчашмаҳои он китоби «Қуръон» - у аҳодиси ҳазрати Муҳаммад Саллалоҳу алаҳьи васалламро талқинкунандаи тозагӣ маънидод намудаанд. «Ан назофату минал имон» гуфтани фармудае мавҷуд аст, ки тозагиро як рукни имондорӣ ҳисобидаанд. Охир, тозагӣ гарави саломатист. Аз омӯхтани ин сарчашмаҳо ҳамчунин хулосае бармеояд, ки ҳар як инсонро Худованд ҳуқуқи зиндагӣ кардан додааст, яъне ҳуқуқи зиндагии оромона, осудаҳолона ва хушбахтонаро додааст. Ва барои зиндагӣ кардани инсоне пеш аз хама падару модараш бояд сихату саломат бомаърифат ва ботарбия бошанд. Бинобар ин ба аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ва аҳли ҷомеаи ҷаҳон насли солим зарур аст. Кадом чораҳоро андешидан мумкин, ки аз падару модар насли солим ба вуҷуд биояд ва хушбахтона умр ба сар барад? Барои ба ин мақсад расидан роҳу воситаҳо мавҷуданд ва яке аз сарчашмаҳои пурғановату таъсирбахш ин аз таълимоти динҳои гуногун истифода бурдан мебошад. Ҳам дини ислом ва ҳам динҳои насрониву яхудия хайркорӣ ва сулҳу амониро талқин кардаанду мекунанд. Умед аст, ки бо дастгириҳо ва ҳимоятҳои ҳукумати кишвар ва саъю кӯшиши масъулон ва устодони дин ниёзҳои мазҳабӣ ва фарҳангии кишварро бо тайёр намудани мутахассисон хуб тайёр намуда, дар ҳифзу амнияти фарҳангии кишвар нақши созандаи хешро хоҳад гузошт.

Юнусов Ш
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент,
мудири кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон,

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top