Раёсати таълим

Раёсати таълими Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамчун муҳимтарин сохтори донишгоҳ буда, аз 7-уми июни соли 2017 дар заминаи департаменти таълим таъсис ёфтааст. Вазифаи асосии раёсати таълим аз банақшагирӣ, ташкил, мониторинг, танзими раванди таълим, баланд бардоштани сатҳу сифати он, таҳияи барномаҳои таҳсилотӣ ва нақшаҳои таълим ва назорати иҷроиши онҳо иборат мебошад.

Фаъолияти раёсати таълим дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, “Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ”, “Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, Ойиннома ва фармоишу супоришҳои ректори донишгоҳ ва низомномаи раёсати таълим ба роҳ монда шудаааст.

Барои расидан ба ин мақсад раёсати таълим:

– дар асоси барномаҳои таҳсилотии тасдиқшудаи вобаста ба ҳар як ихтисос ва равияи донишгоҳ маҷмӯи умумии фанҳои таълимиро дар ҳар як соли хониш муайян намуда, вобаста ба ин маълумот ҳисоби штатии кормандони кафедра ва факултетҳоро таҳти назорат мегирад;

– меъёрҳои заминавии ҳисоби кормандони кафедраҳоро вобаста аз талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ муайян намуда, иҷрои бевоситаи онро таъмин менамояд;

– дар якҷояги бо кафедраҳо нақшаи нашри дастурҳои таълимӣ ва методиро ба роҳ мемонад.

– муҳлатҳои гузаронидани сессияҳои имтиҳонӣ ва таъсис додани комиссияҳои имтиҳонҳои ниҳоӣ  ва аттестатсияи хатм  аз ташхиси касбӣ мегузаронад ва барои фаъолияти онҳо талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти и касбиро таҳти назорат мегирад;

– тадбиқи технологияи муосирро дар раванди  таълим вобаста ба барномаҳои  таҳсилотии тасдиқшуда назорат менамояд.

Раёсати таълим фаъолияти ҳайати илмӣ-омӯзгориро оид ба таҳияи барномаҳою васоити таълимӣ, нишондодҳои методӣ ва адабиёти таълимӣ дар асоси талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ба танзим намуда, пайваста кӯшиш менамояд, ки дар раванди таълим аз шаклу усулҳои замонавии таҳсил васеъ истифода ва сатҳи омодасозии мутахассисонро тибқи талаботи бозори меҳнат пурра ба роҳ монад.

Фаъолияти таълимии донишгоҳ дар 3 факултет ва 17 кафедра (аз ҷумла  05 кафедраи умумидонишгоҳӣ) ба роҳ монда шуда истодааст.

Аз моҳи майи соли 2022 вазифаи пурмасъули сардори раёсати таълимро номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Маҳмадуллоев З.H. ба уҳда дорад.

Дар раёсати таълим кормандони зерин фаъолият менамоянд:

– Ораз Муртазоев- муовини сардори раёсат;

– Пулатова Шаҳноза,-сармутахассиси раёсат;

– Валиев Низомуддин- сармутахассиси раёсат.

– Саидов Назаралӣ- сармутахассиси раёсат.

Дар сохтори раёсати таълим шуъбаҳои зерин фаъолият менамоянд:

Шуъбаи бақайдгирӣ.

Мудири шуъба, Фирӯзҷон Солиев.

Шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим.

Мудири шуъба, номзади илмҳои иқтисодӣ, Сарвиноз Урунова.

Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият.

Мудири шуъба, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Бойалӣ Ҳусейнов.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top