16-уми апрели соли 2020 дар донишгоҳ аз ҷониби раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ дар мавриди муайян намудани дараҷаи забондонии омӯзгорон санҷиш (тест) гузаронида шуд.

 

Яке аз ҳадафҳои асосии санҷиши мазкур ҷалб намудани омӯзгорон барои иштирок дар курси омӯзиши забони англисӣ ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академии донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки омӯзгоронеро, ки дар раванди омӯзиш дар курси мазкур дониш ва маҳорати баланд нишон медиҳанд, дар асоси барномаи MIETC- “Master program in the management of industrial entrepreneurship for transition countries- барномаи магистрӣ дар соҳаи манеҷменти соҳибкории саноатӣ барои кишварҳои иқтисодашон гузаранда”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад, барои гузаштани курси такмили ихтисос ба муассисаҳои олии кишварҳои Испания, Италия ва Словения мефиристад.

Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top