Кафедраи андоз ва суғурта

Кафедраи андоз ва суғурта ҳамчун ҷузъи таркибии факултети молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолияти худро аз 1-уми сентябри соли 2017 оғоз намудааст.

Аз моҳи январи соли 2023 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Абдукарим Қурбонов дар вазифаи мудири кафедра фаъолият менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки таҳти сарпарастии устодони кафедра дар факултет кадрҳои баландихтисос бо ихтисосҳои 25010403 – андоз ва андозбандӣ, 25010404- суғурта, 250105 – омор ва 96010103 – бехатарии иқтисодӣ дар шуъбаҳои рӯзона ва таҳсилоти фосилавӣ омода карда мешаванд.

Омӯзгорони кафедра раванди назорати дарсҳо, давомоти донишҷӯён, ҳолати синфхонаҳои таълимӣ ва навбатдориро пурра бар дӯш гирифта, дар ташкили фаъолияти таълимию тадрисӣ саҳми назаррас доранд.

Дар давоми фаъолияти кафедра тамоми ҳуҷҷатгузориҳо, барномаҳои корӣ, силлабусҳо, матни лексияҳо, саволномаҳои фаннӣ, тестҳои имтиҳоноти ҷамъбастӣ, дастури методӣ оид ба таҷрибаомӯзии таълимию истеҳсолӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои лозимӣ аз нав омода гардиданд.

Пешрафти фаъолияти илмию тадқиқотӣ ва таълимию тарбиявии кафедра пеш аз ҳама аз фаъолияти самараноки  ҳайати профессорону омӯзгорон вобаста аст. Дар тӯли солҳои охир омӯзгорони кафедра Султонов З. С., Раҷабов К. Р., Хоҷаев Д.Х. ва Марупова Н.Ш. рисолаҳои номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намуданд.

Аҳли омӯзгорони кафедра тамоми кӯшишу ғайрати худро барои хубу босифат гузаронидани дарсҳои лексионию амалӣ пурра сафарбар намуда, дар тартиб додани воситаҳои аёнӣ, маводи тақсимшаванда барои дарсҳои назариявию амалӣ, тестҳо, ҳалли масъалаҳои мушаххас саҳм мегузоранд.

Боиси хурсандист, ки дар соли таҳсили 2018-2019 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мисоли кафедраи андоз ва суғурта ҳамчун донишгоҳи базавии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба омода намудани мутахассисони соҳаи суғурта дониста шуд, ки аз ҳайати профессорӣ ва омӯзгории кафедра масъулияти боз ҳам бештарро тақозо менамояд.

Ҳайати омӯзгорони кафедра: 

  1. Қурбонов Абдукарим Раҳимович, мудири кафедра, дотсент.
  2. Хоҷаев Диловар Хайриддинович, и.в. дотсент.
  3. Султонов Зоиршо Султонович, дотсент.
  4. Раҷабов Комрон Раҷабович, и.в. дотсент.
  5. Марупова Нигора Шоназаровна, и.в. дотсент.
  6. Максумова Нигина Давлатовна, муаллими калон.
  7. Гафарова Мавҷуда Тоҳировна, муаллими калон.
  8. Ҳамидова Садафмоҳ Ҳалимовна, муаллими калон.
  9. Тураева Муқаддам Турабоевна, муаллими калон.
  10. Қурбонов Бадриддин Маҳмадризоевич, муаллими калон.
  11. Давлатов Эҳсон Мираҳмадович, ассистент.
  12. Мирсаидзода Озода Сафаралӣ, оператор.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top