СЕМИНАРИ ИЛМӢ

Бинанда: 430 | Санаи нашр: 08 Июн 2024

Санаи 06.06.2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон семинари илмӣ дар мавзуи “Муқовимат ба коррупсия” бо иштироки донишҷӯён ва омӯзгорон баргузор гардид. Дар семинари мазкур муовини сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, палковники адлия Насриддинзода Қиёмиддин иштирок намуд.       Семинарро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим дотсент Қурбонов Абдукарим Раҳимович оғоз намуда, дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ), Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти мубориза бо коррупсия маълумот дод.

Намояндаи Агентӣ Қиёмиддин Насриддинзода дар мавзуи “Муқовимат бо коррупсия омили муҳимми ташаккул ва инкишофи низоми муосири идоракунии давлатӣ” маърӯза намуда, иброз дошт, ки айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия  барои давраи то соли 2030 амал мекунад, ки мақсад ва вазифаҳои он аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст. Ӯ иброз дошт, ки коррупсия ҳамчун амали ба ҷомеа ва давлат хавфдошта инкишофи муътадили соҳаҳои идоракунии давлатро халалдор намуда, нобоварии мардумро нисбати қонун ва давлат зиёд мегардонад. Бинобар ин, ҳамасола Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии кишвар ин падидаи номатлубро маҳкум намуда, мубориза ба онро вазифаи дастаҷамъона меҳисобанд. Инчунин, Қиёмиддин Насриддинзода моҳияти ҷиноятҳои коррупсионӣ ва ҷиноятҳои иқтисодӣ, аз ҷумла гирифтани пора, додани пора, миёнаравӣ дар додани пора, хароҷоти нодурусти маблағҳоро ба иштироккунандагони семинар шарҳ дода, таъкид намуд, ки мо дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб, яъне коррупсия бояд бетараф набошем.

Сипас, мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ Фаррух Алиев дар мавзуи “Сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия” маърӯза намуда, қайд намуд, ки низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия амалкунанда, аз дидгоҳи сиёсати ҳуқуқӣ дар муқоиса ба санадҳои байналмилалӣ ягон камбудӣ надорад. Аммо то куҷо ин санадҳо дар амалияи ҷамъиятӣ пиёда мегарданд, аз сатҳи фарҳанги ҳуқуқии мардум ва маъмурони давлатӣ вобаста аст.

Дар фарҷом Абдукарим Қурбонов семинари илмиро ҷамъбаст намуда, ба роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории судманд изҳори сипос намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top