ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ

Бинанда: 659 | Санаи нашр: 28 Май 2023

Узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) яке аз муҳимтарин воқеаҳо дар ташаккул ва татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба ҳисоб рафта, барои кишвар иштирокро дар кори муҳимтарин маркази ҷаҳонӣ ва қабули қарорҳои дорои аҳамияти ҷаҳонӣ муҳайё намудааст.

Ҷаҳони тағйирёбанда ба фаъолияти кишварҳои дунё ва ташкилотҳои байналмилалӣ бетаъсир намонда, воқеоти фарогирандаи тамоми ҷаҳон ба он оварда мерасонанд, ки ҳатто чунин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ монанди СММ низ мақому мартабаи худро мувофиқи таҷрибаи андӯхтаи ҳамкориҳои байналмилалиаш дар соҳаҳои гуногуни татбиқи муносибатҳои байналмилалӣ ва густариши дастгириву кумакҳои башаргароёна ба давлатҳои ҷаҳон мавриди боздид қарор диҳанд. Чунин тадбир талаби замон буда, адами чандирӣ дар масъалаи мазкур натанҳо сабаби нокомии кишвару ташкилотҳои байналмилалӣ, балки дар натиҷаи маншаи барҳамхурӣ аз арсаи байналмилалӣ нопадид шудани онҳо шуда метавонад.

Мусаллам аст, ки Созмони Милали Муттаҳид яке аз бонуфузтарин созмони байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, ки усули асосии фаъолияташ иборат аз барқарор кардани мақоми баробарҳуқуқии кишварҳои аъзо буда, дар фаъолияти он тамоми кишварҳои ҷаҳон дар ҳошияи узвияти худ имконияти воқеии иштироки фаъолонаро дар кори он, дар шароити баробарӣ ва заминаҳои ҳампоя, эҳтироми комили ҳувият ва шарафи миллии ҳамдигар доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони соҳибистиқлолии давлатӣ (9-уми сентябри 1991) барои муаррифӣ ва рушди ҳамаҷонибаи худ муносибатҳои дипломатиро бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба роҳ монда, ҳамкориҳои гуногунҷабҳаро амалӣ менамояд.

Аъзо шудани Тоҷикистон дар чанде аз созмонҳо имкон фароҳам овард, ки кишвар дар доираҳои гуногуни давлатҳо эътироф ва пазируфта шавад. Гарчанде ҷанги шаҳрвандӣ боиси ба таври манфӣ шинохта шудани Тоҷикистон аз ҷониби субъектони дигари муносибатҳои байналмилалӣ гардид, он минбаъд имкон фароҳам овард, ки бо роҳбарии оқилонаи Президенти кишвар мактаби бузурги дипломатияи тоҷик инкишоф ёбад. Сарвари давлат аз рӯзҳои ба сари қудрат омаданашон, баробари ба масъалаҳои дохилӣ машғул шудан, дар самти сиёсати берунӣ қадамҳои устувор гузошта, бо давлатҳои дуру наздик ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҳамкориҳои гуногунсамтро ба роҳ монданд.

Марҳилаи нави рушди сиёсати хориҷӣ, ки боиси баланд шудани обрӯю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мегардад, маҳз бо пешниҳоди Президенти кишвар дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (1-уми октябри 1999) алоқамандии бевосита дорад. Дар асоси ин ташаббус 20-уми сентябри соли 2000-ум дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии СММ соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. Ҳамчунин пешниҳодҳои дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – аз тарафи СММ эълон шудани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” ва соли 2013 – Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об, солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» ва Соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид.

Ҳамаи ин ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии аксарияти кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид амалӣ гардида истодаанд, ки он нишонаи аҳамияти умумисайёравӣ ва мубрам будани масъалаҳои ба миёнгузоштаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Воқеан, ҳамаи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон на танҳо ҷавобгӯ ба манфиатҳои миллии кишвар, ҳамчунин, он барои кулли давлатҳои ҷаҳон аҳамияти ҳаётӣ дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чунин иқдомҳои худ тавонист, таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳои ҳалталаби оби тоза ҷалб намуда, онҳоро ба мавзӯи баррасӣ ва ҷустуҷӯҳои ҷиддии кишварҳои ҷаҳон табдил диҳад.

Боиси ифтихору сарфарозии ҳар яки мост, ки дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз бо иштироки бевоситаи Президенти маҳбуби кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конференсияи дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028”, ки бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд аз 22 то 24 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Ню – Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир гардид, ҳамоиши таърихие унвон шуд, ки амалҳои муштарак ва ҳамоҳангии кишварҳои сайёраро дар ҳалли мушкилоти вобаста ба обу иқлим тақвият мебахшад. Ин ҳамоиши сатҳи ҷаҳонӣ, ки амалан дар доираи татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, бори дигар ба дурустии сиёсати башардӯстонаи Сарвари давлати тоҷикон ва мавқеъгирии хайрхоҳонаи кишвари соҳибистиқлоли мо дар амри расидан ба қаламрави саодату ҳамбастагии мардуми олам муҳри тасдиқ зад ва дар таърихи рушди дипломатияи тоҷик саҳифаи наверо боз намуд.

Умедворем, ки таклифу пешниҳодҳои Пешвои миллат оид ба ҳаллу фасли масъалаи обу иқлим дар сайёра, ки дар рӯзҳои баргузории Конференсияи дуюми Созмони Милали Муттаҳид садо доданд, бо пуштибонии давлатҳо ва созмонҳои ҷаҳон натиҷаҳои нек ба бор меорад ва бо ин восита Тоҷикистон саҳми муносиби худро дар ҳаллу фасли муаммоҳои ҷаҳонии обу иқлим мегузорад. Гузашта аз ин, дар солҳои минбаъда баргузор шудани конференсияҳои сатҳи байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳо вобаста ба об дар Тоҷикистон ва таҳқиқу пешниҳодҳои муфиди олимон метавонад, барои ҳарчи зудтар бартараф кардани мушкилоти марбут ба об ба муаррифии боз ҳам шоистаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши назаррас хоҳад дошт.

Тамоми талошу заҳмат ва кӯшишҳое, ки Сарвари давлат дар самти сиёсати хориҷии кишвар ба анҷом расониданд, барои рушди сиёсати дарҳои кушодаи мамлакат, боло бурдани обрӯву мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва таҳкими мавқеи он дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат намуд. Боварӣ дорем, ки дарки дуруст ва шинохти амиқи хизматҳои Пешвои муаззами миллат ва комёбиҳои кишварамон дар самти сиёсати хориҷӣ барои шаҳрвандон, махсусан ҷавонони соҳибмаърифат омили ифтихори миллӣ ва боз ҳам боло рафтани ҳисси ватандӯстии онҳо мегардад.

Шамс Ниёзов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top