Маърифати молиявӣ – омили рушд ва комёбӣ

Бинанда: 1469 | Санаи нашр: 23 Октябр 2020

23-юми октябри соли 2020 дар толори диссертатсионии донишгоҳ бо саъю кӯшиши садорати факултети молия ва фаъолияти бонкӣ конференсия дар мавзӯи “Маърифати молиявӣ роҳ ба сӯи муваффақияти Шумост” бо иштироки муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифат, доктори илми иқтисодӣ Фарҳод Шаропов, мутахассис-менеҷери рушди кормандони бонки “Эсхата” Сайёра Холова, мутахассисони бонк Заррина Машарипова ва Мафтуна Охунова баргузор гардид, ки дар он омӯзгорон ва донишҷӯён ҳузур доштанд.

Нахуст ҳамоишро Фарҳод Шаропов бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда, доир ба ташаббуси арзандаи роҳбарияти бонки “Эсхата” дар мавриди ташкил намудани вохӯрӣ бо донишҷӯён, робитаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо субъектҳои бозори меҳнат ва дигар масоили фаъолияти молиявӣ ибрози андеша кард.

Сайёра Холова ва Заррина Машарипова перомуни маърифати молиявӣ, пасандоз, истифодаи дурусти маблағ, танзими хароҷот ва рамзи пасандоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фикри худро баён намуданд.

Сипас донишҷӯи курси 4-ум Комрон Азизов ва Мафтуна Охунова мавзӯъҳои “Фаъолияти бонкӣ” ва “Пасандозҳо”-ро рӯнамоӣ карданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш Фарҳод Шаропов ба намояндагони бонки “Эсхата” барои суханронии пурмазмун изҳори сипос намуд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top