Рӯнамоии мавзӯи муҳим

Бинанда: 1332 | Санаи нашр: 19 Октябр 2020

19-уми октябри соли 2020 дар толори конфронсии донишгоҳ семинари илмӣ – амалӣ бо рӯнамоии мавзӯи “Усули таҳияи ҷадвали электронӣ дар барномаи компютерии ALFA-EXPRESS”  аз ҷониби мудири шуъбаи бақайдгирӣ ва машварат, номзади илми иқтисодӣ, дотсент Фахриддин Самиев ва мутахассис – барномасози шуъбаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсонӣ Додихудо Содиқов баргузор гардид, ки дар он муовини ректор оид ба таълим ва тарбия, дотсент Толибов Қ. Қ. ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ иштирок намуданд.

Дар семинар Қобилҷон Толибов доир ба истифодаи босамари технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар таҳсилот, ҳукумати электронӣ ва дигар  масоили мавриди назар суханронӣ кард.

Дар ҳамоиш нотиқон ба суолҳои аҳли нишаст посух гуфтанд.

Шуъбаи бақайдгирӣ ва машварат

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top