Вебинари илмӣ-амалӣ

Бинанда: 1105 | Санаи нашр: 16 Октябр 2020

16-уми октябри соли 2020 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вебинар дар мавзӯи “Арзёбии таъсири лоиҳаҳои Эразмус+ ба низоми таҳсилоти олии касбии кишварҳои шарик” бо иштироки намояндагони Созмони байналмилалии SPHERE (Support and Promotion for Higher Education and Reform), Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассосиатсияи донишгоҳҳои Иттиҳоди Аврупо, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва дигар макотиби олии кишвар баргузор гардид.

Донишгоҳро дар вебинар муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Заррина Қодирова ва сардори раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ Мубин Абдувалиев намояндагӣ карданд. Иштирокдорони вебинар доир ба масоили гуногун чун таҳияи лоиҳаҳои Эразмус+, натиҷа ва усулҳои арзёбии онҳо ва нуқтаи назари коршиносони тоҷик доир ба тарҳрезии лоиҳаҳои барномаҳои Эразмус+ ибрози назар намуданд.

Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top