Интихобот ва бедории маънавии ҷавонон

Бинанда: 1162 | Санаи нашр: 05 Октябр 2020

Дар таърихи 5-уми октябри соли 2020 дар толори асосии донишгоҳ вохӯрии Зубайдулло Маҳмадуллозода, сардори Раёсати кор бо ҷавонони Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малика Раҳматова, мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бо донишҷӯён ва омӯзгорон доир гардид.

Вохӯриро Толибов Қ.Қ., дотсент, муовини ректор оид ба таълим ва тарбия бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, меҳмононро ба аҳли толор шинос карданд.

Сипас, Зубайдулло Маҳмадуллозода мақсади вохӯриро ба ҳозирин шарҳ дода, доир ба иштироки фаъолонаи ҷавонон дар маъракаи муҳимми сиёсии дарпешистода – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷинояткорию қонуншиканӣ, оворагардию кирдорҳои зиддиахлоқӣ, дохилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пешгирии фарҳанги бегона, одоби шаҳрнишинӣ, одамрабоӣ, худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ дар миёни донишҷӯёну омӯзгорони муассисаҳои олии касбии шаҳри Душанбе изҳори ақида намуданд.

Дар ҷамъбасти ҳамоиш Қобил Толибов дар бобати вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бемории сироятии COVID-19, эмин нигоҳ доштани саломатии худ ва аҳли оила, риояи ҳатмии фосилаи иҷтимоӣ, амнияту осоиштагии миллати тоҷик суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамчун ҷавонони банангу ор, содиқу ватандӯсти миллат дар рӯзи баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат хоҳанд варзид.

Шуъбаи кор бо ҷавонон ва занон

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top