Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ

Моҳи сентябри соли 1997 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон сектори тарбияи ҷисмонӣ ташкил карда шуд, ки аз моҳи сентябри соли 2005 номи кафедраи тарбияи ҷисмониро гирифт.

Дар назди кафедра як толору ду майдончаи варзишӣ ва синфхонаи шоҳмотбозӣ мавҷуд аст. Ин биноҳои варзишӣ барои гузаронидани дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ, мусобиқаҳои варзишии сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ истифода бурда мешаванд.

Аз соли 1997 дар назди кафедра машғулиятҳои беруназдарсӣ аз намудҳои волейбол, баскетбол, футболи хурд, тенниси рӯи миз ва шоҳмот гузаронида мешаванд. Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён дар ин машғулиятҳо мунтазам тамрин менамоянд. Донишҷӯёни донишгоҳ дар мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро сазовор мегарданд.

Масалан, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси ҳуқуқи тиҷоратӣ Эмомалии Нуралӣ дар Чепионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон, ки 10-уми августи соли 2022 дар шаҳри Гуаякили давлати Эквадор шуда гузашт, сазовори ҷоий якум ва медали тилло гардид.

Ҳайати омӯзгорони кафедра

Иззатов Л.А., мудири кафедра, Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Замонаев М., муаллими калон, Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Файзалиев Д.С. муаллими калон, Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Минмаматов Р.Ю муаллими калон;

Раҳимов М.Ҳ. муаллими калон, устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top