КОКОВА ГУЛНОРА МАҲМАДБЕКОВНА

Кокова Гулнора Маҳмадбековна зодаи ноҳияи Ванҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фаъолияти меҳнатиашро аз мудири китобхонаи мактаби миёнаи №5 ноҳияи Ванҷ оғоз намудааст. Соли 1969 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1973 аз рӯи ихтисоси «Иқтисодиёти савдо» хатм намудааст.

Солҳои 1974-1975 дар Иттиҳодияи идораи савдои китоби ноҳияи Роҳи оҳани (ҳоло ноҳияи Шоҳмансур) шаҳри Душанбе ба ҳайси молшинос адои вазифа намуда, аз соли 1975 то 1986 дар вазифаҳои мудири гастроном, ҷонишини директори Иттиҳодияи хӯрокворй ва директори Иттиҳодияи савдои чакаиаи молҳои хӯроквории ноҳияи Фрунзеи (ҳоло ноҳияи Сино) шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

Соли 1986 қобилияти ташкилотчигӣ ва дониши иқтисодиашро ба инобат гирифта, вайро муовини Раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот таъйин намуданд.

Дар шароити хеле душвори сиёсию иқтисодӣ ба хотири нигоҳ доштани Донишкадаи тиҷорати Тоҷикистон, серталабию ҷасорати Кокова Г.М.-ро ба инобат гирифта, соли 1993 вазифаи ректори ин донишкадаро ба уҳдаи ӯ гузоштанд.

Ба Кокова Г.М. лозим омад, ки дар сохтори донишгоҳ тағйироти ҷиддӣ ворид карда, новобаста аз мушкилиҳои ҷойдошта раванди муътадили таълиму тадрисро таъмин намояд.

Хизматҳои пурсамари ин ходими намоёни соҳаи кооператсияи матлубот бо унвони «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», унвонҳои фахрии «Аълочии кооператсияи матлуботи Иттиҳоди Шӯравӣ» ва «Корманди шоистаи кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон» кадрдонӣ шудааст.

Кокова Гулнора Маҳмадбековна аз 1-уми январи соли 1986 муовини Раиси Раёсати Иттифоки Тоҷикматлубот буда, фаъолияти (сарпарастии) Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро аз рӯзи ташкил шуданаш назорат намудааст. Айни ҳол нафақахур мебошад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top