Семинари омӯзишӣ

Бинанда: 238 | Санаи нашр: 19 Январ 2023

19 – уми январи соли 2023 дар донишгоҳ таҳти унвони “Доир ба тартиби пешниҳод намудан барои дарёфти унвонҳои илмӣ (дотсент ва профессор)” семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Семинарро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои техникӣ Назарзода Хайрулло Холназар бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, фикру мулоҳизаҳояшро доир ба ҳолати воқеии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо аз ҷониби донишгоҳ ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён кард.

Сипас котиби Шӯрои олимони донишгоҳ, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҷамшед Машокиров перомуни мавзӯи зикргардида суханронӣ намуда, ба суолҳои аҳли толор посух гуфт.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top