Шукуфон бош, Тоҷикистони азиз!

Бинанда: 64 | Санаи нашр: 13 Сентябр 2021

Истиқлолият Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд. Тавре ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд: “Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздику қарин гардонид”.

Дар ҳақиқат, истиқлолият, ки мардуми шарифи Тоҷикистон чанд рӯз пеш 30-солагии онро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд, бузургтарин дастоварди миллат ба ҳисоб рафта, Тоҷикистони азизамонро ҳамчун ҷумҳурии соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар ҷаҳон шиносонид. Тоҷикистонро ба расмият шинохтани беш аз 170 кишвари олам ва ба роҳ мондани муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ далели гуфтаҳои боло ва эҳтирому арҷ гузоштан ба арзишҳои миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Боиси хурсандист, ки бархе аз кишварҳои олам, аз ҷумла Туркия, Индонезия, Малайзия,  Аморати Муттаҳидаи Араб ҳамчун рамзи эҳтиром парчами ҷумҳурии азизамонро ба хотири таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо истифода аз технологияи инноватсионӣ дар манора ва биноҳои баландошёна инъикос намуданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top