Озодии мулк зи файзи истиқлол аст

Бинанда: 78 | Санаи нашр: 08 Сентябр 2021

Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Ҳамаи шуморо бо муқаддастарин ҷашни миллӣ – сисолагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон – Тоҷикистони биҳиштосо самимона табрику муборакбод мегӯям.

Дар ҳақиқат Истиқлолияти давлатӣ барои мо тоҷикон дастовард ва неъмати муқаддастарин аст. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад”. Маҳз ба шарофати истиқлолият имрӯз кишвари азизи мо – Тоҷикистонро беш аз 170 давлати ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва демокративу ҳуқуқбунёд ба расмият шинохта, муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро дар сатҳи баланд ба роҳ мондаанд. Яъне, тавре ки Пешвои миллат иброз доштанд: “Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздику қарим гардонид”.

Ҳамкасбон ва донишҷӯёни гиромӣ, дастовардҳои беназире, ки кишвари азизамон тӯли  30 – соли соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии оқилонаю хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овард, ҳама аз файзу баракати истиқлол ва ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат буда, ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошанд.

Дастовардҳои беназири замони истиқлолият ба ҳар яки мо рӯҳу илҳоми тоза бахшида, водорамон месозанд, ки барои ободию шукуфоӣ ва рушди минбаъдаи Ватани азизамон, ки онро ном Тоҷикистон аст, кӯшишу ғайрати боз ҳам бештар намоем.

Боиси хурсандист, ки Тоҷикистон дар зарфи 30 соли истиқлолият рушду нумӯъ карда, дар тамоми соҳаҳо дастовардҳои азимеро соҳиб гардид, ки ба садсолаҳо баробаранд. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ, ки онро метавон зодаи истиқлолият номид, дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар як қатор комёбию дастовардҳои беназирро соҳиб гардид, ки ҷоизаҳои “Сифати аврупоӣ”, “Муассисаи беҳтарини Аврупо”, аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштани 4 барномаи магистрию 2 барномаи бакалавриатӣ ва соҳиби шаҳодатномаҳои байналмилалӣ гардидан, аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати иттифоқи Тоҷикматлубот ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи моддӣ – техникии донишгоҳ сол то сол мустаҳкамтар гардида, имкониятҳои тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир бештар шуда истодаанд. Боварӣ дорам, ки Шумо - ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус, суханрониашон дар маросими ифтитоҳи гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо дар амал татбиқ намуда, минбаъд низ дар самти омода намудани мутахассисони болаёқати ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ нақши муассир гузошта, ба ин васила дар рушди соҳаи илму маориф ва ободию шукуфоии Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми боз ҳам бештар мегузоред.

Бори дигар ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бароятон шодбош гуфта, итминони комил дорам, ки соли ҷашни бузургро бо дастовардҳои арзанда ҷамъбаст менамоед.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top