Таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бинанда: 130 | Санаи нашр: 08 Сентябр 2021

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 8 – уми сенятбри соли 2021 ба муносибати ҷашни 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат иштирок ва суханронӣ намуд.

Ректори донишгоҳ аҳли толорро ба ифтихори ҷашни 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, табрику таҳният гуфта, таъкид намуд, ки донишгоҳ дар даврони истиқлолияти давлатии кишвар дар асоси дастуру ҳидоятҳо ва сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварду комёбиҳои назаррас ноил гардид.

Сипас, аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба як гурӯҳ омӯзгорону кормандон нишонҳои сарисинагии  “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аълочии кооператсияи матлуботи Тоҷикистон”, инчунин, ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот супорида шуд.

Шуъбаи таъбу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top