Таманниёти ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба муносибати Соли нави таҳсили 2021-2022

Бинанда: 207 | Санаи нашр: 31 Август 2021

Омӯзгорон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Ҳамаи шуморо бо оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш самимона табрику муборакбод мегӯям.

Соли нави таҳсил тибқи анъана бо дарси сулҳ оғоз мегардад. Воқеан сулҳ неъмати бебаҳо, хусусан, барои сокинони кишвари азизамон Тоҷикистони биҳиштосо арзиши бузург дорад.

Дарси сулҳ ба маънои дигар дарси ватандӯстӣ ва шинохти сабақҳои таърих ба хотири фардои ободи Тоҷикистони азиз мебошад.

Мусаллам аст, ки мардуми тоҷик аз давраҳои бостон то ба имрӯз баробари таҳкими дӯстиву рафоқат ва сулҳу субот ба қадри илму дониш ва мактабу маориф низ мерасанд ва ба ин манбаи ташаккулдиҳандаи арзишҳои маънавии ҳаёти инсон арҷ мегузоранд.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд: «Дарси сулҳ ва Рӯзи дониш беҳтарин имкониятест, ки мо дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир нақши сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар таҳкими аркони давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷомеа таъкид созем, доир ба таъмини ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла дастоварду мушкилоти яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ – мактабу маориф изҳори назар карда, бори дигар таваҷҷуҳи мактаб, оила ва ҷомеаро барои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбия дар кишвар ҷалб намоем».

Ҳамкасбон ва донишҷӯёни азиз! Боиси хурсандист, ки ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар самти омода намудани мутахассисони болаёқати ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ нақши муассир дошта, пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар рушди соҳаи илму маориф ва ободию шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки баъди чанд рӯз 30-солагии таъсисёбиаш бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад, саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Бори дигар фарорасии соли нави таҳсили 2021-2022-ро бароятон шодбош гуфта, итминони комил дорам, ки шумо омӯзгорону донишчӯёни азиз соли ҷашни 30-солагии истиқлолиятро бо дастовардҳои арзанда чамъбаст менамоед.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top